Саҳми ман дар шаҳри ман

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 11 апрели соли 2026 аксияи умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур кормандони суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштироки фаъолона намуда, ба корҳои сабзкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси кормандони суд дар ҳудуди муайяншуда ниҳолҳои дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва зебоии муҳити шаҳр саҳми назаррас гузошта шуд. Ҳамзамон, корҳои тозакунии гирду атроф, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани ҳудуд низ амалӣ гардиданд.

Иштироки фаъоли кормандони суди ноҳияи Шоҳмансур намунаи масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ буда, дар тарғиби фарҳанги экологӣ ва ободонии пойтахт нақши муҳим мегузорад.

Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳои созанда дар оянда низ идома ёфта, ба беҳдошти муҳити зист ва зебоии шаҳри Душанбе мусоидат хоҳанд кард.