Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пос доштани хотираи шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи фарзандони фидоии Ватан, бо пешниҳоди раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирзозода Муҳаммад, ҳайати кормандони Суди ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, ба оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва арбоби маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммад ташриф оварданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ иштирокчиён бо гузоштани гулчанбар ва дастаҳои гул ба оромгоҳҳои шахсиятҳои зикршуда эҳтирому қадрдонии худро нисбат ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи таъсису таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва рушди ҷомеаи тоҷик изҳор намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти пуршараф ва мероси гаронбаҳои ин фарзандони содиқи миллат барои наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хизмат ба халқу Ватан хизмат намуда, омӯзиш ва тарғиби корномаҳои онҳо аз вазифаҳои муҳими маънавию тарбиявии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Чорабинии мазкур дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихи давлатдорӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти гиромидошти хотираи неки шахсиятҳои барҷастаи миллатро ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан таъкид намуд.













Суди ноҳияи Шоҳмансур 




