17 майи соли 2026 кормандони Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷумҳуриявии варзишӣ — Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ ва таҳкими саломатии ҷомеа баргузор гардида, ҳамасола бо иштироки фаъоли намояндагони касбу кори гуногун доир карда мешавад.
Кормандони суд бо ҳисси баланди масъулият ва ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат дар ин ҳамоиши варзишӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таҳкими арзишҳои солимии ҷомеа ва тарбияи ҷисмонии шаҳрвандон гузоштанд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳо нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат ба рушди варзиш дар мамлакат мебошад.



Суди ноҳияи Шоҳмансур 




