Саҳми ман дар шаҳри ман

Имрӯз, 25 апрели соли 2026, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе — Рустами Эмомалӣ, бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аксияи умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» бо шукуҳу ҳашамати хос баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдоми муҳим, кормандони Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ фаъолона ширкат варзида, дар корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Аз ҷумла, рангубор (подкраска) ва навсозии фасади бино, тозагии муҳити атроф ва беҳтар намудани намуди зоҳирии ҳудуд амалӣ карда шуд.

Ин гуна ташаббусҳо нишонаи баланди ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати шаҳрвандон нисбат ба шаҳри азизамон — Душанбе мебошад. Бо чунин иқдомҳо мо метавонем пойтахти худро боз ҳам ободу зеботар гардонем!