Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ бо суръати баланд идома доранд.
Айни замон корҳои таъмиру таҷдид бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳаи судӣ ва қабули шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Иқдоми мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба ободу зебо гардонидани инфрасохтори давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.








Суди ноҳияи Шоҳмансур 




