Рафти корҳои ободонӣ дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дар арафаи санаи муҳими таърихӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон — дар саросари кишвар корҳои васеи ободониву навсозии муассисаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба иншооте равона шудааст, ки волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин менамоянд.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни мазкур дар бинои суд маҷмӯи корҳои ободонӣ ва беҳсозӣ гузаронида мешавад.

Самтҳои асосии корҳо иборатанд аз:
• таъмири асосӣ ва ҷории утоқҳои дохилӣ;
• навсозии намои берунии бино;
• ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуди атроф.