ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон шароити мусоид фароҳам овард.
Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии 16 Шурои Олии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаиистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 ноябри соли 1992 асос гузошта, аз худи ҳамон сол то кунун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи се ранг ва акси тоҷу хафт ситора қабул гардид ва ҳар ранг ва акси он тоҷу ситораҳо моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дорост.
Дар иҷлосияи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рамзи садоқату вафодорї ба Парчами ба тозаги қабулшудаи давлати навини тоҷикон арљгузори намуд, ки ин садоқати Пешвои маҳбуби миллат ба муқаддасоти миллӣ воқеан ҳам барои насли имрузу ояндаи кишвар дарси ибрат мањсуб меёбад.
Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.
Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами давлатии Тољикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллї аз љумлаи рамзњо ва муќаддасоти давлат ба шумор меравад.

Парчами миллӣ рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус ба ҳисоб меравад.

Парчамдориву парчамбардорӣ низ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад.

-3-
Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар кисми болоии он таҷассуми паррандаи заррин — мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чуноне, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулќосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари «сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх — озодиву истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Ба хотири мақому манзалати парчам ҳамчун рукни давлатдорӣ бо ибтикороти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибќи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” ҳама сола 24 ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат, дар фазои амну субот, ваҳдату ҳамраъйӣ ва умед ба фардои неку дурхшон таҷлил мегардад, ки ин нишона аз арҷгузори ба гузаштаи хеш ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас аст. Аз инҷост, ки ҳар як фарди кишвар баробари нигоҳ кардану ба даст гирифтани Пачами миллӣ вуҷудашро ҳисси ифтихор аз ватану ватандорӣ фаро мегирад, ки ин гувоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳангсолору соҳибтамаддун будани мадуми куҳанбунёди мост.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд. Ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Имрӯз моро мебояд, ки аз парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Точикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати рӯзи Парчами миллӣ, ки рамзи ягонагии давлату давлатдориамон ба ҳисоб меравад, самимона табрику таҳният мегӯям. Орзуманди онам, ки Парчами мо асрҳои аср дар фазои сулҳу суботи комили сиёсии кишварамон парафшон бошад.