НОДИРТАРИН ГАНҶИНАИ ИСТИҚЛОЛ

Дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ фурсатест, ки мо бори дигар гузаштаи худро ба ёд оварда, аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва худсӯзиҳои ибтидои Истиқлоли давлатӣ сабақ омӯзем, зеро расидан ба ваҳдати миллӣ, ки ба корномаҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад, кишвари соҳибистиқлоли моро аз як давраи торики таърихӣ ба самти рӯшаниву саодати миллӣ мебарад.
Тавре маълум аст, аз нахустин қадамҳои Истиқлоли давлатӣ баъзе аз кишварҳои дуру наздик ва доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз усулҳои озмудаи худ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро доман заданд. Он замон шаҳрвандони хориҷӣ ба далели ҷангу барангехтани низоъҳои дохилӣ аз сафар ба кишвари мо худдорӣ меварзиданд ва дар зеҳни тамоми мардуми сайёра Тоҷикистон мамлакати ноамну хатарзо ҷилвагар буд. Вале, ҷасорати фавқулода ва талошҳои хастанопазири Пешвои миллат буд, ки насими сулҳу ваҳдат ба сарзамини мо вазид ва чунин пиндор ба зудӣ аз мағзҳо берун шуд. Ҳоло аз файзи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат шаҳрвандону сайёҳони хориҷӣ ба дидани Тоҷикистони хушманзар ба унвони як кишвари амну осуда майлу рағбати зиёд нишон медиҳанд, ки сол ба сол афзудани ташрифи ҷаҳонгардон ба мамлакат далели ин амр аст.
Табиист, ки дар бораи хисорот ва фоҷиаҳои талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми шарафманди тоҷик хотироти ғамангезу маълумоти кофӣ дар даст доранд ва онро таърих низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Албатта, дар фурсатҳои муайян руҷуъ ба асли ин матлаб маънои онро дорад, ки мо гузаштаи худро хеҷ гоҳ фаромӯш насозем, балки чунин саргузаштро ҳамчун дарси ибрат дар зеҳну шуурамон нигоҳ дорем. Дар ин сурат, сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири давлатдорӣ, ки дар шумори нодиртарин ганҷинаҳои Истиқлоли давлатӣ қарор доранд, арзиши бештар касб хоҳанд кард.
Ҳоло дар ҳама атрофу акнофи ҷумҳурӣ мардуми хушиқболи тоҷик сухан аз ваҳдати ҳамдилӣ мегӯянд ва саъй доранд, дар татбиқи сиёсати бунёдгаронаи Президенти маҳбуби худ саҳми бештар гузоранд. Чунин фазои матлуб баёнгари он аст, ки мардум дар ҳақиқат ваҳдати миллиро шарти асосии пешрафт, омили таҳкимбахши дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ мешиносанд. Бо вуҷуди ин, дар шароити печидаи ҷаҳони муосир таблиғи гус-турдаи арзишҳои ваҳдати миллӣ тақозои вақт аст, зеро таҳдидҳои терроризму экстремизм ҳамоно дар миён буда, имкони рахна шудани дилхоҳ ҷомеаи осуда аз сӯи ифротгароён аз байн нарафтааст.
Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз сенариянависони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо усулҳои наву фитнаангези худ муқобили арзишу манфиатҳои давлату миллати тоҷик дар камин ҳастанд. Ба назар мерасад, ки тафриқасозоне, ки зери қаноти роҳбарияти Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ҳанӯз аз ҳадафҳои муғризонаи худ даст набардошта, балки дар хидмати хоҷагони хориҷии худ амиқтар фурӯ рафтаанд. Онҳо ҳамеша рӯи барномаҳое даст ба коранд, ки алайҳи фазои орому осудаи Тоҷикистон ва иттиҳоду ҳамбастагии миллат нигаронда шудаанд. Вале барои ҷомеаи огоҳи мо расвоии ин гурӯҳи худбохта аз ҳад гузашта, мавриди нафрати бештар қарор гирифтааст. Дар чунин вазъ, шарти муҳим кафолатбахши зиндагии осоишта ин аст, ки ҳар як фарди ҷомеа дар баробари тавтеаҳои душманон бояд ҳушёру огоҳона амал намояд. Нагузорем, ки дигар идеологияи бегона ба фазои ваҳдатшиори мо асари манфӣ гузорад ва бадхоҳону бегонапарастон ба ҳадафҳои худ даст ёбанд.
Дар ин робита, бисёр зарур аст, ки андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги мардуми шарафманд, бахусус насли ҷавони мамлакат, табдил гардад ва ҳамчун зарурати ҷамъиятиву фарҳангӣ шинохта шавад. Бояд ба дурустӣ дарк намоем, ки рушди ҷомеа ва амалишавии орзуву ормонҳои мо танҳо зери ливои сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир аст.

Баҳодур ИСОЗОДА, муовини аввали раиси
суди ноҳияи Шоҳмансур