Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйинопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳамасола 6-уми ноябр мардуми тоҷик солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳуриро ботантана ҷашн мегиранд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз замоне қабул гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Аммо ба душвориҳо нигоҳ накарда, мардум бо як азму иродаи қавӣ, баҳри ояндаи нек, барои қабули ҳуҷҷати сарнавиштсоз раъй доданд.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 Конститусия қабул шуд, ки он ҳамчун намунаи беҳтарин дар олам аз ҷониби кишварҳои гуногун эътироф гардид. Бо мурури ва ба ин ҳуҷҷати муҳим чандин иловаҳо ворид шудааст. Дар моддаи якуми Конститутсия чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.”
Ин нуктаҳо баёнгари он аст, ки дар кишвар барои таҳсил намудан ва соҳиби касби дилхоҳ шудан ҳама шароитҳо муҳайёст. Ҳамин тавр, Конститутсия соҳибмаълумот шудани ҳар узви ҷомеаро кафолат медиҳад. Аз ин ваҷҳ, махсусан насли ҷавони кишварро, ки қисми бештари аҳолиро ташкил ме- диҳанд, лозим аст, аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода бурда, шоистаи замон ба воя расанд.
Имрӯз мо дар замони басо душвор ва ҷаҳонишавӣ зист дорем. Вазъи олам хеле мураккаб аст. Гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ ва вайронкор бо ҳар роҳу восита мекӯшанд сафҳои худро ҳарчи бештар созанд, махсусан аз ҳисоби ҷавонону наврасон. Ҷавонону наврасоне, ки ноогоҳ ва таҷрибаи зиндагӣ, рӯзгорро надоранд ва чандон саводи дурустро ҳам соҳиб нестанд. Ин гуна нафарон ба доми фиреби ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифрортгарою бадкирдор афтида, бо амалҳои ноҷои содиркарда дар қалби волидону пайвандон доғ гузошта, номи миллати худро паст месозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони аҳли дин баҳори имсол бо ҳисси нигаронӣ изҳор доштанд, ки чандин ҷавонони тоҷик дар амалҳои ифротӣ дар кишварҳои гуногун ширкат намуда, ба ном ва миллати тоҷик иснод овардаанд…
Чунин ҳолати ногувор волидон, омӯзгорон, аҳли ҷомеа ва махсусан равшанфикронро водор месозад дар тарбияи фарзандон, насли наврас ояндасозони кишвари азиз бепарво набошем. Баҳри ба камол расидани онҳо аз тамоми имконот самаранок истифода бурда, барои дуруст воя расиданашон саҳмгузор бошем. Дар амалисозии чунин ниятҳо Конститутсияи кишвар – бахтномаи мо роҳнамо шуда метавонад. Зеро дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми ҳуқуқу озодиҳо, вазифаю уҳдадориҳои ҳамватанони мо баён ёфтааст.
Умеда ЭМОМАЛИЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур