Табрикот бахшида ба Рӯзи Модарон

Имрӯз дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модарон — 8 март чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирзозода М. бонувони судро самимона табрик намуда, барои меҳнати софдилона ва саҳми арзандаашон дар фаъолияти мақомоти судӣ ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ҳамзамон ба бонувон сиҳатмандии бардавом, рӯзгори обод, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳои наву дастовардҳои бештар таманно кард.

Дар анҷоми чорабинӣ ба бонувон туҳфаҳои идона тақдим гардида, фазои гарму самимии идона ҳукмфармо буд.

Рӯзи Модарон муборак, бонувони азиз! 🌷