ҲИФЗИ ПИРЯҲҲО ИҚДОМЕ, КИ НИҲОЯТ МУҲИМ АСТ

Бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатьномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷахонӣ иқдоми ниҳоят муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

       Ёдоварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2023) аз ҳифзи пиряхҳо бесабаб нест. Маҳз, пиряхҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ, обшор намудани замин ва дигар эҳтиеҷот, на танҳо барои Тоҷикистон, ҳамчунин, кишварҳои минтака маҳсуб меёбад. Дар шароити кунунӣ бо сабаби афзоиши аҳоли ва дигар омилҳо талабот ба об торафт бештар мегардад. Дар ин маврид ҳифзи захираҳои об ва истифодаи босамари он ба масоили муҳим барои кишварҳои минтақа табдил ёфтааст.
Захираҳои обӣ барои Тоҷикистон боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки кишвари мо дорои захираҳои бои энергетикӣ мебошад. Дар рӯди Вахш силсиланеругоҳҳои зиёд бунёд ёфтааст, ки эҳтиеҷоти дохили кишварро таъмин ва барои ба хориҷ ба фурӯш баровардани неруи арзони барқ заминаи мусоид фароҳам меорад. Махсусан, бунёди иншооти муҳими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва паси ҳам ба кор андохтани чархаҳои он моро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ торафт наздик месозад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳуқумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст. Амалисозии чунин нақшаҳо имкон медиҳад, ки неругоҳҳои фаъолияткунанда муддатҳои тӯлонӣ барои мардум ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат хизмат намоянд.
Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки сол 2025 чархаи сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар ин иншооти муҳими аср корҳои бунёдкорӣ бомаром идома дорад.
Аз ин ваҷҳ, ҳифзи пиряҳҳо ва истифодаи оқилонаи об дар шароити кунунӣ хеле муҳим махсуб меёбад. Ташаббус ва саъю кушиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо» эълон намудани соли 2025 хеле бамаврид буда, шаҳодати он аст, ки ин абармард хатарҳои амалкарди баъзе кишварҳоро ба амнияту суботи ояндаи сайёраи Замин хуб дарк менамоянд.

Умеда ЭМОМАЛИЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур