Гузаронидани мурофиаи сайёри судӣ

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 мурофиаи сайёри судӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ализода Ш.З. баргузор гардид.

Мурофиа вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 164 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ мебошад.

Чунин чорабиниҳо барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун дар ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.