Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо аз Муовини якуми раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳакимзода Дилшод ва судяҳои суди мазкур Шафо Беҳруз, Муродзода Ардашер ва Исмоилзода Зиёратшо бо омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла хатари ифротгароӣ, таъсири манфии маводи мухаддир ва паёмадҳои истифодаи воситаҳои психотропӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки чунин омилҳои номатлуб метавонанд ба ояндаи ҷавонон таъсири ҷиддӣ расонида, суботу амнияти ҷомеаро халалдор созанд.
Дар баромади худ Муовини якуми раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳакимзода Дилшод дар мавзуи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси масъулиятшиносӣ барои ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафтаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
Аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои тарбиявӣ ва пешгирикунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Судяҳо ба иштирокчиён моҳияти ҳуқуқвайронкуниҳо, оқибатҳои ҳуқуқии онҳо ва зарурати риояи қонунро шарҳ доданд. Таъкид гардид, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳтироми тартиботи ҷамъиятӣ ва масъулиятшиносӣ аз омилҳои муҳими таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон нисбати ноболиғон ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон ва назорати рафтори онҳо диққати ҷиддӣ дода шуд.
Судяҳо иброз доштанд, ки дар шароити муосир ҳифзи амнияти миллӣ ва солимии ҷомеа, махсусан миёни насли ҷавон, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон яке аз роҳҳои асосии пешгирии падидаҳои хатарнок ба шумор меравад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки мутолиаи китоб ва омӯзиши илму дониш ҷавононро аз роҳи хато нигоҳ дошта, онҳоро ба сӯи рушду камол роҳнамоӣ менамояд. Китоб ҳамчун сарчашмаи маънавиёт ва дониш дар ташаккули шахсияти солим нақши муҳим дорад.
Дар идомаи вохӯрӣ ба хонандагон тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши фанҳои гуногун, аз худ намудани касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро танҳо тавассути донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ метавон ояндаи дурахшонро бунёд намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузошт.
Инчунин, судяҳо оид ба риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни мулоқот вобаста ба аҳамият ва манфиати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.











Суди ноҳияи Шоҳмансур 




