Аз ваҳдати миллӣ то ҷойгоҳи баланд дар СҲШ

ТОҶИКИСТОН

Аз ваҳдати миллӣ то ҷойгоҳи баланд дар СҲШ

       Имсол мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро чун солҳои қаблӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва рӯҳияи ифтихор аз вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли ҷорӣ барои кишвари озоду мардуми азизи мо як давраи хос ба шумор хоҳад рафт, зеро Тоҷикистон дар баробари ин ҷашни миллӣ, ҳамзамон тантанаҳои ҷашнии 20 – умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхайро роҳбарӣ хоҳад кард. Зеро, феълан Тоҷикистон раёсат дар СҲШ – ро ба уҳда дорад, ки аҳолии кишварҳои узви он 43,8 дарсади сокинони сайёраро дар худ фаро мегирад.

Дар ҳоли ҳозир мо бояд ин ҳақиқатро шинохта бошем, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мисоли оби тоза, нақши фаъол дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ пеш аз ҳама ба шукӯҳи сулҳу субот ва ваҳдати дохилӣ бастагӣ дорад. Ва ҳамин омил аст, ки сиёсати хориҷии давлатро қавию устувор намуда, Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақвию байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва кишвари таъсиргузор дар тасмимгириҳои фароминтақавӣ шинохта мешавад. Далели рушани ин гуфтаҳоро мо дар мисоли Созмони ҳамкории Шанхай рақам зада метавонем, ки Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат, ҳамчун яке аз муассисони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз давраи таъсис то кунун дар таҳкими фаъолияти он нақши мунир гузоштаанд.

Тавре маълум аст, СҲШ дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» ба майдон омада, то имрӯз қаламравӣ бузургеро дар ихтиёр дорад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккул ва таҳкими фаъолияти ин созмон бисёр назаррас буда, кишвари мо дар ҳар саммити он бо пешниҳодҳои созандаву ташаббусҳои нав ба нав баромад мекунад. Чунончӣ аз “Панҷгонаи Шанхай” ба “Созмони ҳамкории Шанхай” табдили ном кардани созмон ҳам бори аввал аз ҷониби Президенти Тоҷикистон садо дода, соли 2001 дар шаҳри Душанбе ба ҳукми амал даромад.

Ташкили яке аз ниҳодҳои доимамалкунандаи созмон – Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, яке аз таклифҳои судманди Тоҷикистон буд, ки имрӯз бо қароргоҳи доимӣ дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Таклифи дигари Сарвари давлати мо ин аст, ки бо ризоияти ҳамаи кишварҳои аъзо дар баробари ду ниҳоди доимамалкунанда (Котибот ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ) ниҳоди сеюми доимамалкунанда – Маркази мубориза зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе созмон дода шавад. Ҳоло интизор меравад, ки ин масъала дар соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай аз мавзӯҳои асосии гуфтугӯӣ сарварони давлатҳои узви созмон дар баробари дигар барномаҳо бошад.

Пешвои муаззами миллат ба раванди тавсеаи фаъолият, мақому эътибори ин созмони бонуфуз чунин баҳо додаанд: «Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон равобити берунии он густариш меёбад».

Тавре дар расонаҳо эълон шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ барномаи фарогиреро бо беш аз 100 чорабинӣ рӯӣ даст гирифтааст, ки амалӣ гардидани онҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт туризм, ҳифзи муҳити зист, шукуфоиву пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард.

 

Баҳодур ИСОЗОДА,

муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур