Асолат ва арзишҳои миллӣ дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулазиззода Тахмина Абдулазиз

судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур

“Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳиссимиллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаимиллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки16 декабри соли 2025 ироа гардид, ки дартаърихи Паёмҳои Сарвари давлат 20-уминПаём (аввалин Паём дар соли 2005) ба шуморрафта, нисбат ба солҳои қаблӣ бо таҳлилҳоибесобиқа, дастовардҳои назаррас, дурнамоимуайяни рушд фарқ мекунад.

Дар ин Паём вазифаҳои муҳиммурӯзмарраи иқтисодию иҷтимоӣ ба масъалаҳоимуносибати дуруст нисбат ба таърих, таҳкимихудшиносии сиёсӣ, миллӣ ва ҳуқуқии халқитоҷик инъикос ёфтааст.

Бинобар ин, таваҷҷуҳ ба гузаштаипурифтихор ва гиромидошти арзишҳоифарҳангиву таърихӣ моро аз шар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта, дар роҳиташаккули давлати миллӣ бо пояҳоимустаҳками ҳуқуқӣ роҳнамоӣ мекунад.

Ин аст, ки соли 2025 Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнипешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ низ бамасъалаи муаррифии мероси таърихии миллаттаваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ин масъалаҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳибайналмилалӣ ҳадафмандона матраҳ гардид. Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯзякчанд дастовардҳои муҳими таърихӣ вафарҳангии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ барасмият шинохта шудаанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои фарҳангии Хуттали қадим баФеҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридгардида, қатъномаҳо оид ба эътирофи шаҳриПанҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳоидастӣ барои сӯзанидӯзӣ», таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 ва эътирофи «Устувонаи Куруш» ҳамчунэъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангиифарҳангӣ — нахустин санади ҳуқуқи башардар таърихи инсоният қабул шуданд. 

Инчунин, даҳҳо ёдгории дигари таърихиимиллати тоҷик мавриди эътирофи ҷомеаибайналмилалӣ қарор гирифтанд. 

Табиист, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вабархӯрди тамаддунҳо масъалаи ҳифз, тақвиятва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ баяке аз масъалаҳои калидии рушди устувориҷомеа табдил ёфтааст. 

Худшиносию худогоҳии миллӣ чун пояиҳастии миллат на танҳо омили ҳифзиарзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавӣ, балки заминаи таҳкими давлатдорӣ, ваҳдатимиллӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ маҳсубмешавад.

Қобили зикр аст, ки дар солҳоисоҳибистиқлолӣ дар самти таҳкимихудшиносию худогоҳии миллӣ, эҳёи хотираитаърихӣ ва ҳифзи дастовардҳои фарҳангимиллӣ бо ташаббусҳои пайвастаи Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳоимуҳим ба анҷом расонида шуданд. Тавре кидар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олӣ зикр шуд, «дар даҳ соли охир150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, …. 350 иншооти дигари соҳа” таъмиру навсозӣшудааст.

Муаррифии дастовардҳои фарҳангии мо баҷаҳониён нишона аз соҳибтамаддун буданимиллати тоҷик мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар ПаёмиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминбудани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳуваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушдиустувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баландгардидани сатҳу сифати зиндагии мардумимамлакат мебошад.

Дар робита ба ин Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимниироаи Паём зикр намуданд, ки “Вазъимураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддатгирифтани рақобатҳои геосиёсӣ вагеоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим карданиҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардиданимеъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигарравандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дарҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъюталошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳоисозанда – пойдории сулҳу субот ва таъминиамнияти фарогир тақвият бахшем”.

Воқеан, дарки ин масоили муҳим аз ҳарҷиҳат ба маърифати ҳуқуқии ҷомеа, устувориифаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мардумитаршудани ин ниҳодҳо ва иртиботи мустақим боҷомеа доштани ҳар як корманди мақомотиқудратӣ вобастагии амиқ дорад.

Сарвари давлат дар Паёми худ ба МаҷлисиОлӣ зикр карданд, ки “Таъмин будани амниятиҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоиятиқонун кафолати рушди устувори иқтисодивуиҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифатизиндагии мардуми кишвар мебошад. 

Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ваволоияти қонун имкон дод, ки мо рушдибосуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангивусиёсии кишварро таъмин карда, сатҳинекуаҳволии халқро баланд бардорем.

Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонуннабошад, мо ба ягон ҳадафи неки худнамерасем ва ягон нақшаи мо амалӣнамегардад”.

Воқеан, иҷрои нақшаҳои муҳим, барномаҳои рушд ва стратегияҳои дурнамо васаодати зиндагии сокинони мамлакат бараванди амну субот ва таъмини волоиятиқонун сахт вобаста аст.

Равандҳои воқеие, ки дар кишварҳои ҷанубииминтақа, Амрикои лотинӣ ва Ховари миёнамегузарад, баёнгари мафҳуми ин андешаҳост.

Аз ин рӯ месазад, ки дар ростоитаҳаввулоти геосиёсии ҷаҳонӣ, мавқеъгириҳоинорушани бозингарони саҳнаи сиёсии олам вараванди тақсимоти нави ҷаҳонӣ бо даркинуктаҳо ва андешаҳои созандаи Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ҷомеа бодонишҳои мустаҳками ҳуқуқи мусаллаҳгардад, ба суннату арзишҳои таърихивуфарҳангии худ арҷ гузорад, дартасмимгириҳои куллӣ барои рушди фаъолиятисохторҳои гуногуни хоҷагии халқ иштироккунад, ҳамчун шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон Истиқлоли комили давлат, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарироволотарин муқаддасот шуморад ва ба тоҷикбудану тоҷикияти худ арҷу эҳтиром гузорад.

Маҳз риояи ин нуктаҳо моро ба рушдиустувор, таъмини волоияти қонун, саодатизиндагӣ ва ояндаи дурахшон расонида, азгирдоби вайронкори ҷаҳони муосир ҳифзхоҳад намуд.