Ҷанги Бузурги Ватанӣ — мактаби шуҷоат ва ватандӯстӣ

Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи асри XX ба шумор меравад. Ин ҷанг, ки солҳои 1941–1945 идома ёфт, барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имтиҳони бузурги ҷасорат, ваҳдат ва садоқат ба Ватан гардид. Мардуми тоҷик низ дар баробари дигар халқҳо барои ҳифзи озодӣ, адолат ва амнияти давлат саҳми арзанда гузоштанд.

Имрӯз пос доштани хотираи қаҳрамонони ҷанг, эҳтиром ба собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

Аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони ҷанг сафарбар гардида, барои ҳифзи Ватан мубориза бурданд. Ҳазорон нафар дар муҳорибаҳои шадид қаҳрамонона ҷон бохта, номи худро дар таърих ҷовидона сабт намуданд.

Дар солҳои ҷанг аҳолии ҷумҳурӣ на танҳо дар фронт, балки дар ақибгоҳ низ фаъолияти шабонарӯзӣ анҷом медоданд. Корхонаҳо, муассисаҳо ва хоҷагиҳои қишлоқ барои таъмини ниёзҳои ҷангӣ маҳсулот истеҳсол мекарданд. Занон, пиронсолон ва ҷавонон бо меҳнати содиқона ба ғалаба саҳм гузоштанд.

Ҷасорат ва фидокории сарбозону афсарони тоҷик дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Бисёре аз онҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардида, бархе ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд.

Корнамоиҳои фарзандони далери миллат барои насли имрӯз намунаи ибрат буда, ҳисси ватандӯстӣ, масъулият ва ҳифзи манфиатҳои давлатро тақвият мебахшад.

Ҳамасола 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо эҳтироми хосса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум хотираи шаҳидон ва иштирокчиёни ҷангро гиромӣ медоранд. Гулгузорӣ назди ёдгориҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо собиқадорон аз ҷумлаи анъанаҳои неки ин рӯз мебошанд.

Рӯзи Ғалаба барои тамоми ҷомеа рамзи сулҳ, ваҳдат ва қадршиносии корнамоиҳои гузаштагон мебошад.

Сулҳу субот ва адолат арзишҳое мебошанд, ки барои онҳо миллионҳо нафар ҷони худро нисор карданд. Имрӯз мақомоти судӣ ҳамчун яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ дар ҳифзи қонун, адолат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши калидӣ доранд.

Арҷгузорӣ ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пос доштани хотираи қаҳрамонон масъулияти маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад. Насли имрӯз бояд бо ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳу ваҳдат барои рушди давлат ва таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳм гузорад.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои ҷаҳон дарси бузурги таърих гардид. Қаҳрамониву фидокории иштирокчиёни ҷанг ҳамеша дар хотири мардум зинда хоҳад монд. Вазифаи ҳар яки мо ҳифзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ватандӯстӣ мебошад.

Хотираи неки қаҳрамонони ҷанг ҷовидон бод

Муовини якуми раиси суди

ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе: Ҳакимзода Д.