Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 вохӯрии судманд бо иштироки судяҳои Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе — Маҳмадхонзода З., Ализода Ш., Абдулазиззода Т. ва Толибзода Д. баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон мавзуҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла “Таъсири манфии терроризм ба ҷомеа”, “Нақши ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният” ва “Пешгирии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба хатарҳои терроризм, аҳамияти риояи қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни наврасон ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва оила дар тарбияи ҷавонони ватандӯсту масъулиятшинос нақши муҳим дорад.
Чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани ҳисси масъулият, худогоҳии ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун мусоидат менамоянд.














Суди ноҳияи Шоҳмансур 




