Мутобиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ба Маҷлиси миллӣ ва
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 29 декабри соли 2023, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқии аҳолӣ эълон гардид.
Мақомоти судӣ дар амалисозии фаъолияти тарбияи ҳуқуқӣ нақши муҳим дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мубориза бар зидди нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин муқовимат бо таҳдидҳои байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, саҳми назаррас мегузоранд.
Дар илми ҳуқуқшиносии муосир мафҳумҳои «шуури ҳуқуқӣ» ва «фарҳанги ҳуқуқӣ» ҳамчун унсурҳои муҳими низоми маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Дар баробари ин, набудани таърифи ягонаи қонунгузорӣ нисбат ба ин мафҳумҳо ва гуногунҷанба будани онҳо дар назарияи ҳуқуқ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ мушкилоти муайянро ба вуҷуд меорад.
Ба андешаи А.С. Бондарев, тарбияи ҳуқуқӣ «раванди муташаккилона ва мақсадноки таъсиррасонии субъектҳои иҷтимоишавии ҳуқуқӣ ба шуури ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии шахс» мебошад. Ҳамчунин, ӯ таъкид менамояд, ки субъекти ташкилкунандаи тарбияи ҳуқуқӣ вазифадор аст доираи шахсони тарбияшаванда, сатҳи фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва барномаи дахлдори тарбиявиро муайян ва амалӣ намояд.
Дар шароити ислоҳоти қонунгузорӣ ва рушди рақамикунонӣ масъалаҳои такмили механизмҳои тарбияи ҳуқуқӣ ҳам барои илми ҳуқуқшиносӣ ва ҳам барои ҷомеаи муосир аҳамияти махсус касб менамоянд.
Рушди давлатдории ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқии аҳолӣ, ки ба принсипҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мутобиқат мекунад, ғайриимкон мебошад.
Яке аз мушкилоти асосии рушди институти тарбияи ҳуқуқӣ набудани маркази ягонаи ҳамоҳангсоз ва субъекти муайяншудаи меъёрӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа масъул бошад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши махсуси ҳокимияти судӣ дар амалисозии маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муқаррар карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамеша ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ ва механизми муҳими ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа арзёбӣ мегардид.
Сатҳи эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии самаранокии адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан, таъсири судяҳо дар мурофиаи гражданӣ назаррас мебошад, зеро тарафҳои баҳс масъалаҳои адолат ва қонуниятро хеле ҳассос қабул менамоянд.
Маърифати ҳуқуқӣ бевосита ба дарки ҳуқуқ аз ҷониби ҷомеа вобаста мебошад. Самаранокии тарғиботи ҳуқуқӣ на танҳо аз миқёси таъсири он, балки аз сатҳи қабул ва дарки ғояҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони алоҳида вобаста аст.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ тавассути тарғиботи ҳуқуқӣ яке аз роҳҳои муҳими таъсири идеологӣ ва тарбиявии ҳуқуқ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Он доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, бисёре аз онҳо ба танзими мустақими ҳуқуқӣ ниёз надоранд.
Тарғиботи ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор мебошад, ки дар шакли ошкоро амалӣ гардида, ба ташаккули рафтори ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст. Хусусияти асосии он оммавияти шунавандагон ва истифодаи маҷмӯи воситаҳои таъсиррасонӣ мебошад.
Дар низоми амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти маърифати ҳуқуқӣ мақомоти судӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Намоиши мурофиаи саривақтӣ, одилона ва беғаразонаи судӣ ба таҳкими робитаи байни давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Ҳанӯз дар давраи шӯравӣ муҳаққиқон зарурати омӯзиши нақши судро дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таъкид намуда буданд. Бо вуҷуди аҳамияти возеҳи ҳокимияти судӣ дар ин самт, амалисозии фаъолияти маърифатӣ аз ҷониби судҳо бо як қатор мушкилоти ташкилӣ рӯ ба рӯ мегардад.
Аз ҷумла, баргузор намудани лексияҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ аз ҷониби судяҳо метавонад воситаи самараноки баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ бошад. Аммо татбиқи чунин фаъолият ҳалли масъалаҳои зеринро талаб менамояд:
– муайян намудани намуд ва даврияти чорабиниҳо;
– муайян кардани субъектҳои масъул барои ташкили маърифати ҳуқуқӣ;
– таҳияи низоми ҳавасмандгардонии судяҳо барои иштирок дар фаъолияти маърифатӣ;
– омода намудани тавсияҳои методӣ;
– таъмин намудани мувозинат байни фаъолияти маърифатӣ ва иҷрои ваколатҳои асосии судӣ.
Мақомоти судӣ, ки дорои эътимод ва нуфузи баланд дар ҷомеа мебошанд, метавонанд ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун таъсири муассир расонанд. Аз ин рӯ, зарур аст механизмҳои амалисозии маърифати ҳуқуқӣ тавассути судҳо бо дарназардошти самаранокӣ ва мувофиқати амалӣ ҳамаҷониба таҳлил карда шаванд.
Ҳамин тавр, мақомоти судӣ унсури муҳими низоми маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Вале иштироки онҳо бояд тавассути чунин механизмҳо амалӣ гардад, ки ба фаъолияти асосии судҳо таъсири манфӣ нарасонад.
Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ислоҳоти назарраси қонунгузорӣ гузаронида шуда, инчунин санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
Дар шароити кунунӣ ташаккули низоми мукаммали тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарур мебошад, ки дар он нақши мақомоти судӣ назаррас хоҳад буд.
Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки асоси ин институтро маҷмӯи чораҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки ба такмили фаъолияти мақомоти судӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона гардидаанд.
Аҳамияти танзими ҳуқуқии ин соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ бевосита бо табиати ҳуқуқии он алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули механизми самараноки таъминоти ҳуқуқӣ дар ин самт танҳо бо воситаҳои дохилидавлатӣ маҳдуд намегардад, зеро аҳамияти санадҳо ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Дар рушд ва танзими меъёрии институти маърифати ҳуқуқӣ назарияи давлат ва ҳуқуқ, инчунин сиёсати конститутсионии давлат нақши муҳим дошта, метавонанд самтҳои асосии такмили қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судиро муайян намоянд.
Судяи ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе: Муродзода А.
Суди ноҳияи Шоҳмансур 




