Табрикоти раиси суд

Муҳтарам ҳамватанони азиз!

Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва камоли эҳтиром фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапайро ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрику таҳният арз менамоям.

Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳанбунёди ниёгон, ки аз умқи таърих сарчашма гирифта, имрӯз низ арзишҳои волои инсонӣ — дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми табиат ва талош ба зиндагии шоистаро таҷассум менамояд, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муассир дорад.

Ин ҷашни фархунда, ки ба оғози фасли баҳор ва эҳёи табиат рост меояд, инсонро ба созандагиву ободонӣ, меҳнати содиқона ва талош барои пешрафти Ватан раҳнамоӣ менамояд.

Орзумандам, ки бо қадами мубораки Наврӯз дар сарзамини маҳбуби мо сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор ҳамеша таъмин бошад. Бигзор ҳар як хонадони тоҷик саршор аз файзу баракат, муҳаббат ва саодати рӯзгор гардад.

Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ ва дар роҳи ободии Ватани азизамон дастовардҳои нав ба нав орзумандам.

Наврӯз муборак бод!

Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе: Мирзозода М.