Шанбегии дастаҷамъона дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”

Шанбегии дастаҷамъона дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини тозагӣ, ободонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, дар ҳудуди Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” баргузор гардид.

Тозагӣ ва ободонӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин эътироф гардида, муҳити тоза омили муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нишондиҳандаи сатҳи баланди маърифату маданияти шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, баргузории чунин тадбирҳои дастаҷамъона ҷиҳати таъмини тартибот, беҳдошти муҳити корӣ ва ободонии гирду атроф аҳамияти хоса дорад.

Дар ҷараёни шанбегӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд як қатор корҳои ободонӣ ва санитарӣ-гигиенӣ анҷом дода шуданд, аз ҷумла:

• тоза намудани дохилу роҳравҳои бино ва ҳуҷраҳои корӣ;

• баровардани партовҳо;

• поксозии каналу ҷӯйборҳо аз лой ва партов;

• корҳои таъмири дар ҳавлии бинои суд аз он ҷумла рангу бор кардани деворҳои гирду атрофи бинои суд

• иҷрои корҳои сабзкорӣ ва нигоҳубини дарахту гулҳо дар ҳудуди атрофи бино.

Қайд гардид, ки иштирок дар чунин тадбирҳо ва саҳмгузорӣ дар нигоҳдории муҳити тозаву озода вазифаи хизматии ҳар як корманд буда, муҳити мусоид барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ ва таҳкими рӯҳияи коллектив нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон, чунин иқдомҳо ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба муҳити зист ва рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ мусоидат менамоянд.

Бо итминон метавон изҳор дошт, ки дар натиҷаи саъю талоши дастаҷамъона муҳити Суди ноҳияи Шоҳмансур боз ҳам ободу зебо гардида, ба талаботи муосири хизматрасонии давлатӣ мутобиқ нигоҳ дошта мешавад.