Худо он миллатеро саврарӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Ин гуфтаҳои Муҳаммад Иқбол баёнгари асосии Истиқлолият мебошанд. Зеро имсол мо аллакай 34 сол аст, ки лаззати истиқлолиятро мечашему аз файзи он баҳрамандем ва ҳоло тақдири миллатмонро на мардуми дигар, балки худамон ҳал мекунем ва роҳи тараққиёти пешрафтро низ таҳти роҳбарии Пешвои Муаззами миллат муайян мекунем.
Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ва дар охири асри гузашта соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Имрӯзҳо бошад, тоҷикон дар арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Аммо ин Истиқлолият ва ин Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар охири садаи ХХ мардуми тоҷик ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалач гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих, хосатан иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем ва барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Ҳамчунин, нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем. Ин аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо азвартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.Мақомоти судии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90 уми асри ХХ, бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта буд рӯ ба рӯ гардид. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалач гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, судҳо аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд, баромада тавонистанд. Онҳо новобаста ба вазъи ба миёномада , тавонистанд волоияти қонунро таъмин намоянд ва ҳамчун як сохтори муҳимми давлатӣ амал кунанд. Бояд таъкид намуд, ки аз ибтидои истиқлолият дар тамоми давраи ҷанги шаҳрвандӣ кормандони суд аз тинҷиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонии кормандони суд маҳз дар ҳамон давра имкон дод, ки новобаста ба вазъият ҳукмҳои боадолатона бароранд ва пеши назари мардум собат намоянд, ки волоияти қонун дар кишвари нав ба истиқлолрасида таъмин аст. Минбаъд сохторҳои судии кишвар дар пояи қонун амал кардаистода, бо риояи қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тавонистанд хизмати мардуми Тоҷикистонро таҳти сарварии Рорҳбари Давлат софдилона иҷро намоянд.
Мо- корандони ҳокимияти судӣ ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбии худро иҷро намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ фаъолият менамоем.
Дилшод Ҳакимзода,
Муовини якуми раиси суди н. Шоҳмансур