Падарону модарон дар назди фарзандони худ масъулият доранд. Нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.
Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.
Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: «Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд…»
Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.
Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Одоб аз илм афзал аст. Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи одоби хубу хулқи накӯ парвариш намоем. Гузаштагони мо мақоми баланди панду ҳикматро нишон дода, онро «тилисми сеҳрангези омӯзиши ҳаёт ва зиндагии одамият» номидаанд.
Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд. Чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад. “Омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, уҳдадоранд, ки оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд” — ин меъёр аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бармеояд. Қонуни мазкур аз соли ба тавсиб расиданаш то ҳол натиҷаҳои назарраси пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунии кӯдакону наврасонро нишон додааст. Аз ҷумла, дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон нисбат ба солҳои гузашта хеле паст шудааст ва падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тамоми чораҳои заруриро андешида, шароити хуби маърифатнок намудани онҳоро ба роҳ монда истодаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо бо масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст, балки ба фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифаҳои махсусро вогузор кардааст. Аз ҷумла, дар он муқаррар шудааст, ки: “Фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадор карда шуданд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд”. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Дар ин замина, мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
Таълиму тарбияи фарзанд дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиuон ва ояндаи дурахшони фарзандон нақши калидӣ гузошта, барои таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам овард.
Судяи суди ноҳияи
Шоҳмансури ш.Душанбе
Раҳмон М.Ю.