ВОХӮРИИ СУДМАНД !

Мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, омӯзишии он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таъмими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Дар партави Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва амали гардонидани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ” ҳамзамон баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён бо иштироки Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Исозода Баҳодур Чиллахон, дар якҷояги бо намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ бо омӯзгорон ва хонандагони Лиӣсейи рақами 4 — и ноҳия, инчунин падару модарони хонандагон вохурӣ ва мулоқоти судманд сурат гирифт. Зимни баромади худ Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Исозода Б.Ч. нахуст ҳозиронро ба муносибати 32 солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳнияту шодбош гуфта, аз дастовардҳои ватан, ки бевосита самараи Истиқлолияти давлати маҳсуб меёбанд ёдовари намуд. Инчунин масъалаҳои зиёд дар роҳи боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат аз ҷумла роҳҳои пешгирӣ аз ҳуқуқвайэронкуниҳои ноболиғон ва даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, шомил нагардидан ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову даҳшатафкан, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоии интернет, таҳкими ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ байни ин қишри осебпазири аҳолӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Ҳамзамон мавсуф таъкид намуд, ки «Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояти марзу буми Ватан ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллат шаҳодат медиҳад, ки чунин огоҳӣ ва андешаҳои созанда ҳамарӯза бояд дар муассисаҳои таълимӣ корбари карда шавад.
Ҳамзамон таъкид кард, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва даҳшатафкан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи кӯдакону наврасон ва ҷавонон мо ин пеш аз ҳама омӯзиши илмҳои муосир, забондонӣ, маърифат, худогоҳӣ ва боло бурдани зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон яке аз иқдомҳои хирадмандона ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити назми навини ҷаҳонӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои сиёсиву амниятӣ дар минтақа ва дунё маҳсуб мегардад.
Ин қонун ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, кӯдакону наврасон ва ҷавононро ба масири дурахшони ватандӯстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва хештаншиносӣ даъват менамояд. Зеро маҳз ҷаҳонбинии илмӣ, шарофату номуси ватандорӣ ва ниҳоятан боло бурдани ҳисси ватандӯсти кафолати саодат, мояи ифтихор ва ояндаи дурашони Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявироо таъмин ва фароҳам меоварад.