ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

Субҳи рӯзи 20 майи соли 2023 аз ҷониби Роҳбарият ва кормандони Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар асоси нақша чорабиниҳои Суди Олӣ ва Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шанбеги гузаронида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳокимияти судӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободонию хуррамгардонӣ ва ба як гӯшаи зебои Ватан табдил додани саҳни биною коргоҳҳои худ, ҳамарӯза саъю талош менамоянд, то дар ободонию хурамгардонии Ватани биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурӣ шанбегиҳо мунтазам роҳандозӣ карда мешаованд.
Мақсад аз баргузории шанбегии мазкур саҳм гузоштан дар раванди ободонӣ ва хуррамгардонии ноҳия, шаҳр ва кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.