Ҳукм бо моддаи 244 қисми 3 банди «а» КҶ ҶТ

 

                               Ҳ У К М

                         АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 15 июни соли 2020                                                                                                    ш.Душанбе

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Дар ҳайати раисикунанда :                                                                               Ҳакимзода Д.А.

Бо котибии:                                                                                                         Ҳоҷиев А.

Бо иштироки айбдоркунандаҳои давлатӣ

ёрдамчии прокурори н.Шоҳмансури шаҳри Душанбе

ва Прокурори н.Шоҳмансури шаҳри Душанбе:                                               Зеварова З., Зуҳурзода Ф.

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбати И.И.Ф., 09 майи соли 1994 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, мувақатан бекор, бе ҳизб, оиладор соҳиби ду фарзанд, қаблан мувофиқи ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз санаи 27 феврали соли 2019 дар содир намудани ҷиноят бо банди “г” қисми 2 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чор сол, дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шудааст, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 аз боқимонда адои ҷазо озод карда шудааст, дар ҳолати ретсидив қарор дорад, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур кучаи ——, хонаи ——, дар содир намудани ҷиноят бо банди «а» қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда:-

М У А Й Я Н   К А Р Д :

И.И.Ф. дар ҳолатҳои зерин, даст ба содир намудани ҷинояти дуздӣ задааст.

Чуончӣ ӯ санаи 05 апрели 2020 тахминан соатҳои 02:30 дақиқаи шаб ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе кучаи Дустии Халқҳо қарор доштанаш бо тариқи шикастани қулфи дари мағозаи фуруши либосҳои мардона бо номи “Эксклюзив”, ки ба шаҳрванд С.А.А.таалуқ дорад ғайриконунӣ вориди онҷо гашта, аз дохили мағозаи номбурда либосҳои мардона дар намуди пойафзол, кулоҳ (кепка), пиджак, либоси варзиши (спартивка), шим, майка, курта ва тасмаро бо тариқи пинҳони тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, ки дар натиҷа ба шаҳрванд С.А.А., ба охирин ба маблағи 150,000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.

Судшаванда И.И.Ф. дар мурофиаи судӣ ба айби ба ӯ бо банди «а» қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашуда худашро пурра айбдор ҳисобида чунин нишондод дод, ки ӯ санаи 04 апрели 2020 тахминан 10:00 дақиқа аз хона баромада дар кучаҳои шаҳр сайру гашт намуда сипас тахминан соатҳои 21:00 дақиқа рафта аз як мағоза нушокии спиртӣ харидори намуда онро нушида ва боз сайру гашташро давом додааст. Тахминан соатҳои 02:30 дақиқаи ҳамон шаб дар ҳолати мастӣ қарор дошта ҳангоми сайру гашт намуданаш дар кучаи Д.Халқҳо дар назди ошхонаи “Бародарон» як мағозаи фуруши либосҳои мардона бо номи “Эксклюзив”-ро дидааст. Сипас ӯ аз роҳаш баргашта бо мақсади дуздӣ намудан, барои шикастани дари мағоза ва ворид шудан ба дохили он, як оҳанро гирифта дари он мағозаро бо тариқи пинҳонӣ шикаста вориди он мағоза шудааст аз онҷо либосҳои гуногунро дар лимчаҳо боркарда онҳоро бо тариқи пинҳони тасаруф намуда бо як нақлиёти таксӣ “1111” бор карда либосҳоро бурда дар хонаи писари холааш Суҳроб дар кучаи Каротегин пинҳон намудааст, ки баъди гузуаштани якчанд соат кормандони милитсия омада уро дастгир карда ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри душанбе бурда оиди ҳолати кор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ӯ ба пуррагӣ ба гуноҳи худаш иқрор шудааст он либосҳои дуздидаашро кормандони милитсия аз дасташ протоколи гирифт тартиб дода ҳамчун далели шайъи гирифтаанд.

Ӯ аз кирдорҳои содир кардааш сидқан пушаймон мебошад ва аз суд хоҳиш кард, ки бо дарназадошти ин ҳолатҳо нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшаванда И.И.Ф. ба гуноҳаш пурра иқрор бошад ҳам, гуноҳи ӯ боз бо далелҳои зерин дар маҷлиси судӣ тасдиқи худро ёфт.

Ҷабрдида С.А.А., дар мурофиаи судӣ оиди ҳолати кор чунин нишондод дод, ки ӯ ҳамчун соҳибкор шуда муддати 1 моҳ мешудааст, ки дар суроғаи Д.Халқҳо як мағозаи либосҳои мардона бо номи «Эксклюзив»-ро кушода дар онҷо кор мекардааст.   Санаи 04 аперли соли 2020 баъди кор тахминан соатҳои 22:00 дақиқаи шаб мағозаашро маҳкам карда ба хонааш рафтааст. Баъдан рӯзи дигараш санаи 05 апрели соли 2020 тахминан соатҳои 08:30 дақиқа ба ӯ шогирдаш бо номи Алишер занг зада гуфтааст, ки мағозаашро дузди кардаанд. Ӯ баъди шунидани чунин хабар дарҳол ба мағозааш рафта дидааст, ки дари мағозааш шикаста қисми зиёди либосҳои дар мағозааш бударо дуздидаанд. Илова намуд, ки қисми зиёди зарари расонидашуда ба ӯ барқарор карда шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки қисми боқимондаи зарари ба ӯ расонидашуда аз ҷониби судшаванда И.И.Ф., ба ӯ барқарор карда шуда нисбати охирин дар доираи қонун ҷазо таъин карда шавад.

          Шоҳид Ҳ.С.М., дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки санаи 05 апрели соли 2020 сол тахминан соатҳои 03:30 дақиқаи шаб ҳангоми дар хонаашон қарор доштанаш ногоҳ овози тақ тақи тирезаашонро шунидааст ва ӯ дарҳол аз ҷой хобаш хеста, дидааст, ки писари холааш И.И.Ф., паси тиреза истодааст. И.И.Ф., ба ӯ гуфтааст, ки ба берун барояд, сипас ӯ ба берун баромада дидааст, ки И.И.Ф. бо як таксии “ 1111″ дар беруни хонаи онҳо истодааст ӯ ба И.И.Ф., гуфтааст, ки чи гап аст дар ин ними шаб ӯро аз хоб бедор намудаанд,  дар ҷавоб И.И.Ф., қайд намудааст, ки қарздоронаш борҳои яъне либосҳои боқимондаашро додаанд ва гуфтааст, ки мувақатан борҳои овардааш дар хонаашон истад дар ҷавоб ӯ майлаш гуфта борҳои дар намуди либосаро аз дохили таксӣ гирифта ба хонаашон даровардаанд. И.И.Ф. ва шафёри таксӣ ба ӯ гуфтаанд, ки боз камтари дигар борҳо мондааст ҳозир рафта боқимонда борҳоро меоварданд ӯ майлаш гуфта пасон баъди 1 соат пас дигар боқимонда борҳоро оварда дар назди хонаи истиқоматии ӯ шафёри таксӣ ва И.И.Ф. боқимонда борҳоро ба хона даровардаанд. Сипас тахминан баъди гузаштани як ё ду соат пас кормандони милитсия ба хонаи онҳо омада ӯ ва И.И.Ф.ро бо борҳои овардааш якҷоя гирифта ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бурдаанд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда И.И.Ф.,, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷинояти мазкур бо нишондодҳои додаи ӯ, ҷабрдида, шоҳид дар рафти муҳокимаи судӣ ва бо дигар маводҳои дар қабати парванда мавҷуд буда тасдиқи пурраи худро ёфт.

Суд ҳолатҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, кирдори судшаванда И.И.Ф.-ро бо банди “а” қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулкии ғайр, бо расонидани зарари моддӣ ба миқдори калон ба шаҳрвандро муқаррар менамояд, банду баст менамояд.

Ҳангоми таъин намудани намуд ва андозаи ҷазо суд талаботи моддаҳои 4, 46, 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2004 таҳти №3 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ” бо тағийроту иловаҳо бо Қарори Пленум таҳти № 2 аз 30 июни соли 2011”-ро ба восита ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, ки ҷинояти мазкур ба муқобили моликият равона гаштааст, шахсияти судшаванда, дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба инобат мегирад.

Ҷинояте, ки судшаванда И.И.Ф., содир намудааст, тибқи талаботи қисми 4 моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнин мансуб мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳолатҳое, ки ҷазои судшаванда И.И.Ф., сабук менамоянд, ин аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймони изҳор намудан, ба гуноҳаш пурра иқрор будан мебошад, ки ин ҳолатҳоро суд ба инобат мегирад.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо, тибқи талаботи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори судшаванда И.И.Ф., ин аз ҷониби ӯ бо мақсади ғаразнок содир намудани ҷиноят мебошад, ва дар ҳолати редсидив қарор доштанаш мебошад.

Раводиди қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол-ро пешбинӣ менамояд.

Суд дар рафти баррасии парванда аз маводҳои кори ҷиноятӣ, ба хусус аз нусхаи ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз санаи 27 феврали соли 2019 муайян намуд, ки судшаванда И.И.Ф., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 111 қисми 2  банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати 4 (чор) сол дар колоияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шудааст. И.И.Ф., санаи 29 октябри соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 аз боқимонда адои ҷазо озод карда шудааст.

Ҷинояти қаблан содирнамудаи судшаванда И.И.Ф., мувофиқи талаботи қисми 4 моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои ҷиноятҳои дараҷаашон вазнин мансуб мебошад.

Мувофиқи банди “в” қисми 3 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд — бо  гузаштани  се  сол  пас  аз адои ҷазо доғи судиашон барҳам мехӯрад.

Бо назардошти ҳолатҳои боло суд муайян намуд, ки доғи судии судшаванда И.И.Ф., ҳоло барҳам нахӯрда, охирин дар ҳолати ретсидив қарор дорад.

Бинобар ин суд вобаста ба ҳолатҳои кор ҳангоми таъини ҷазо талаботҳои қисми 2 моддаи 66 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 8 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти №7 аз 12 декабри соли 2002 “Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани конунгузорӣ оиди ретсидиви ҷиноят” ки мувофиқи он “ретсидиви ҷиноят ҷазои нисбатан вазнинро тақозо менамояд” низ ба инобат мегирад.

Мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 66 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати ҷазо дар ҳолати ретсидиви ҷиноятҳо на камтар аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, буда наметавонад.

Аз ин лиҳоз суд ҳангоми таъин намудани ҷазо ба судшаванда И.И.Ф., шахсияти ӯ, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданаш, қисми зарари ба ҷабрдида расонидашуда барқарор карда нашудаашро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда И.И.Ф., дар доираи санксияи моддаи мазкур бо дарназардошти қисми 2 моддаи 66 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

Суд масъалаи зарари ба ҷабрдида С.А.А., расонидашударо мавриди муҳокима қарор дода дар рафти тафтишоти судӣ муайян карда шуд, ки зарари мазкур 150000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил дода дар рафти тафтишоти пешакӣ як қисми зарари ба ҷабрдида С.А.А., расонидашуда аз он ҷумла 25-адад либоси варзиш “Stefano Ricci” ки арзиши умумиаш 4500 сомонӣ, 36-адад шими варзиши “MMA Sportmen” арзиши умумиаш 4320 сомонӣ, 9-адад кастюми “Jack Zeo” арзиши умумиаш 2520 сомонӣ, 106-адад шими “ New Yu King” арзиши умумиаш 19080 сомонӣ, 33-адад кулоҳ, ки арзиши умумиаш 2475 сомонӣ, 25-адад пояфзоли “ Simons park” арзиши умумиаш 10750 сомонӣ, 113-адад майкаи бе остини “Climber” арзиши умумиаш 9605 сомонӣ, 62-адад майкаи остиндарози “ Bagozza” арзиши умумиаш 11160 сомонӣ, 41-адад куртаи “ Daniel Rabetti” арзиши умумиаш 5740 сомонӣ, 10-адад миёнбанд, ки арзиши умумиаш 650 сомонӣ, ки  маблағи умумиашон 70800 (ҳафтод ҳазору ҳаштсад ) сомониро ташкил медиҳад, бо санад аз ихтиёри судшаванда И.И.Ф., гирифта шуда ба ҷабрдида С.А.А.,

тариқи забонхат баргардонида шудааст.

Боқимонда зарари расонидашуда, ки дар умум арзиши он 79200 (ҳафтоду нуҳ ҳазору дусад) сомониро ташкил медиҳад то ҳол аз тарафи судшаванда И.И.Ф. барқарор карда нашудааст.

Бинобар ин суд ба хулоса омад, ки бо сабаби дарёфт нашудани молу мулки мазкур зарарҳои расонидаро ба тариқи пулӣ дар ҳаҷми 79200 (ҳафтоду нуҳ ҳазору дусад) сомонӣ аз ҳисоби судшаванда ба манфиати ҷабрдида ситонад.

Ҳамзамон суд дар асоси талаботи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири далелҳои шайъиро ҳал намуд.

Аз сабаби он ки тақдири далели шайъӣ, яъне 25-адад либоси варзиш “Stefano Ricci” 36-адад шими варзиши “MMA Sportmen” 9-адад кастюми “Jack Zeo” 106-адад шими “ New Yu King”, 33-адад кулоҳ, 25-адад пояфзоли “ Simons park”, 113-адад майкаи бе остини “Climber”,  62-адад майкаи остиндарози “ Bagozza”, 41-адад куртаи “ Daniel Rabetti”, 10-адад миёнбанд, ба соҳибмул (ҷабрдида) С.А.А. мувофиқи забонхат аллакай дар рафти тафтишоти пешакӣ баргардонида шудааст, суд ин масъаларо мавриди муҳокима қарор намедиҳад. (в.п.40)

Тибқи қисми 5 сархати 4 моддаи 58 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки бори аввал ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад — дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, таъин карда мешавад.

Қаблан судшаванда И.И.Ф., бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз санаи 27 феврали соли 2019 бо моддаи 111 қисми 2  банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати 4 (чор) сол дар колоияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шудааст. И.И.Ф., санаи 29 октябри соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 аз боқимонда адои ҷазо озод карда шудааст.

Бинобар ин суд мувофиқи қисми 5 сархати 4 моддаи 58 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ донист, ки нисбати охирин низоми адои ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин намояд.

Инчунин суд чораи пешгирии судшавандаро мавриди муҳокимаронӣ қарор дода, ба хулоса омад, ки чораи пешгири нисбати судшаванда И.И.Ф., чун пештара дар ҳабс нигоҳ доштан бетағйир мононда шавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 332-336, 338-339, 341-344, 347-348 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд:

 

Ҳ У К М  К А Р Д :

И.И.Ф. дар содир намудани ҷиноят бо банди “а” қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад:

Ба И.И.Ф. бо банди “а” қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, таъин карда шавад.

Чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс нисбати И.И.Ф., бетағйир мононда шавад.

Мӯҳлати адои ҷазо нисбати И.И.Ф. аз санаи 05 апрели соли 2020 ба ҳисоб гирифта шавад.

Аз ҳисоби судшаванда И.И.Ф., ба фоидаи ҷабрдида С.А.А. маблағи зарар ба андозаи 79200 (ҳафтоду нуҳ ҳазору дусад) сомонӣ ситонида шавад.

Тарафҳо метавонанд аз ҳукми суд дар муҳлати даҳ шабонарӯз, аз лаҳзаи эълони он, судшавандаи таҳти ҳабс қарор дошта бошад дар ҳамин муҳлат аз лаҳзаи ба ӯ супорида шудани нусхаи ҳукм ба коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, шикоят ва эътирози кассатсионӣ оваранд.

 

 

 

Раисикунанда:                                    /имзо/                                 Ҳакимзода Д.А.