Ман ҳамчун корманди ҳифзи ҳуқуқ бори аввал ба ҳафтаномаи “Оила” муроҷиат намуда истодаам. Харчанд, ки ин ҳафтаномаро ҳамроҳи оилаам ҳар хафта мутолиа менамоям. Гап дар сари он, ки ҳафтаномаи шумо на танҳо дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, балки дар тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон низ нақш мебозад. Махсусан саҳифаи “Машварати ҳуқуқӣ” барои шаҳрвандон дар дарёфти ҷавоби муносиби ҳуқуқи ба хонандагон кӯмак мерасонад. Бинобар ин, хостам дар номаи худ, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият мегирад, дар мавриди оила ва вазифаҳои он дар ҷомеа чанд сухан гӯям. Одатан, оилаҳои тоҷик аз зану шавҳар ва боз чандин нафар тифлон иборат аст. Яъне, мо тоҷикон серфарзандем ва масъулиятамон аз дигар миллатҳо бештар аст. Баъд аз Истиқлолият раванди серфарзандӣ дар кишвари мо кам нашуд ва ин боиси он гардид, ки на бо роҳи манъи таваллуд (чун дар Чин) балки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ин кор анҷом дода шавад. Ҳарчанд барои миллати мо раванди серфарзандӣ боиси ифтихор аст, аммо бояд тарафи дигари ин масъаларо ҳам ба назар гирифт, ки серфарзандӣ дар шароити мо сабаби мушкилот дар оила ва ҳар чӣ бештар гардидани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Аз ин рӯ, бояд қабл аз таваллуди навбатӣ ҳамаи тарафҳои мусбату манфии онро ба инобат гирифт. Ман худ борҳо шоҳиди он гаштаам, ки аз сабаби оилаи серфарзандро таъмини карда натавонистани мардҳо, онҳо бо баҳонаи ночизе ариза барои ҷудошавӣ менависанд. Боре ба суд зане муроҷиат намуд, ки аз болои шавҳари худ ариза навишта буд ва талаб мекард, ки ӯро ба оила баргардонем. Ҳайрон будем, ки ҳама барои ҷудошавӣ ариза менависаду ин зан бошад, мехоҳад шавҳари гурезпояшро ба оила баргардонем. Дар вақти суҳбат маълум гардид, ки ин зану мард ҳашт нафар фарзанд доштаанд ва мард аз сабаби бекорӣ наметавонистааст оилаи худро таъмин кунад. Бинобар ин, роҳи ягонаро дар гурехтан аз оила дидааст. Вақти аз зан пурсидем, ки чаро ба камбизоат будани оилаашон нигоҳ накарда ин қадар фарзанд таваллуд кардааст, ӯ ҷавоб дод: “доди Худо…” Албатта ба додаи Худо шукр кардан лозим, вале Худо ҳамчунин ба инсон ақл додааст, ки оилаи худро танзим кунад. Албатта, шавҳари зан ба оилааш баргашт, вале азоби таъмини рузгори ин оила барои ҳарду басо мушкил аст.
Чун мо имрӯз соҳиби истиқлолияти миллӣ ҳастем, тасмими ин ё он корро бе машварати ягон кишвари дигар, танҳо ба фоидаи миллати худ мегирем. Ҳамин тавр, ба нақша гирифтани оиларо низ бояд мустақилона гирем, ки мавриди мушкилот дар оянда нагардад. Ин як маслиҳати дӯстона аст ва тасмимгирӣ аз ҷониби шумост. Аз чунин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи хонандагони “Оила” – ро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти миллӣ табрик мегӯям.
Даврон Назарзода
Судяи суди н.Шоҳмансур ш.Душанбе