Халқи дунё ошно бо халқи мову кишвари мо дидаем.

Имрӯз дар саросари ҷумҳурии азизамон мардуми шарифи тоҷик ва ҳамватанони бурун аз марз, сазовор таҷлил намудани 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бесаброна интизоранд. Ба ин муносибат миллати тоҷик бо пайкори созандаву ободонии гӯшаву канори Ватан, бунёди садҳо иншооти боҳашамату гулгаштҳо, биноҳои маъмуриву хизматрасонии аҳолӣ, майдончаҳои варзишиву фароғатӣ ин сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зеботар мегардонанд.

Таҳти сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматқарину сарсупурдаи тоҷик Ватанамон рӯз то рӯз ба пешравию дастовардҳрои беназир ноил гардида, миёни дигар давлатҳои хурду бузург мақоми худро устувортар намуда истодааст.

Имрӯз тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар рӯ ба тариққӣ ниҳода, бо муосиртарин дастгоҳҳои корбарӣ, техникаву таҷҳизоти зурурӣ таъмин гардидаанд, ки ин ҳама аз файзи истиқлол аст.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди худогоҳ рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Бо шарофати истиқлолият миллати мо кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхта, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият барои ҳар як давлат, миллат ва ҳатто барои ҳар фард неъмати бебаҳоест, ки онро бо тамоми ҳастӣ бояд пос дошт. Ин дастоварди бузурги миллат рамзи асолату ҳувият ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ, “сиёсати дарҳои боз” – ро интихоб намуда, ҳамкориҳои судмандро бо назардошти ҳадафҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Ба ҳам омадани ақидаҳо, инкишофи муносибатҳо бо давлатҳои хориҷи аз масъалаҳои калидии ҳамкориҳои ҳасанаи кишвари мо ба оламиён аст. Ирӯз давлати моро аз 140 мамлакат ба расмият шинохтаву бо кулли онҳо робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсиро барқарор намудаем, худ далели эътиқодмандии давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳамақида аст. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон доштани сиёсати дарҳои кушода тавонист ҷаҳониёнро бо худ ҷалб созад ва дар баробари ин, ба муносибатҳои мухталифи байни давлатҳо таҳким бахшад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро эҳсос намудем ва шукрона аз он мекунем, ки чунин Ватану миллати азизу маҳбуб дорем. Ва ин ҳама он дастовардҳо ба халқи шарафманди тоҷик нерӯву тавони тоза ато кардаааст, то ки баҳри боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани кишварамон саъю кӯшиш намоем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти сохти гуногун дар соҳаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, ҳуқуқиву фарҳанги бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Хуллас, аз файзи истиқлол Тоҷикистон шукуфон гардида, мардуми сарбаланди мо дар фазои дӯстиву яклигарфаҳмӣ бо шукргузорӣ аз оромиву осудагӣ умр ба сар бурда истодаанд.

 

Бахтиёр Сабридинзода,

Котиби маҷлиси судии

Суди н.Шоҳмансур