Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касби техники махсус»-и шаҳри Душанбе мурофиаи сайёри судӣ баргузор гардид, ки хусусияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки тарбиявӣ низ дошт.
Дар мурофиаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар судшавандагони ноболиғ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Онҳо тибқи моддаи 244 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд.
Раисикунандаи мурофиа аз рӯи ин парванда Исмоилзода Зиёратшо буд, ки ҷараёни мурофиаро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ пеш бурд.
Мақсади асосии баргузор намудани чунин мурофиаи сайёр, пеш аз ҳама, огоҳ намудани ҷавонон аз оқибатҳои вазнини амалҳои ғайриқонунӣ мебошад. Зеро ҳар як қонуншиканӣ, новобаста аз синну сол, метавонад ба тақдири инсон таъсири ҷиддӣ расонад ва роҳи ояндаи ӯро тағйир диҳад.
Дар рафти мурофиа ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ асоси ҷомеаи солим мебошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳар як амали онҳо паёмад дорад ва танҳо бо дониш, ахлоқи ҳамида ва риояи қонун метавонанд ба муваффақият ноил гарданд.
Ин гуна чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасон ва тарбияи насли босаводу масъулиятшинос мусоидат мекунанд.







Суди ноҳияи Шоҳмансур 