ДАСТОВАРДИ НОДИРТАРИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ДАСТОВАРДИ НОДИРТАРИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Чумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз кишварҳои рӯ ба рушдниҳода ва пешрафтаи минтақа ба ҳисоб рафта, ин ҳама комёбиҳо аз самараи неки истиқлолият ба даст омадааст. Кишвари мо дар муддати кӯтоҳ тавонист ба комёбиҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ноил гашта, хадафҳои неку созандаро амалӣ созад. Боиси ифтихор аст, ки сол то сол дар кишвар шароитҳои арзандаи зиндагӣ фароҳам омад, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ таъмин гашта истодааст.

Агар саҳифиҳои начандон қаблии таърихро варақгардон кунем, хуб дар ёд дорем, ки пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ кишвари мо муддате дар халқаи даргириҳо қарор дошт. Мухолифону душманони Тоҷикистони тозаистиқлолгашта бо роҳҳои гуногун мехостанд таъсиргузор шаванд. Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумат гуфтушунидҳо бо мухолифон ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти тулони, ки зиёд аз 40 моҳ идома ёфтанд, ба роҳбарияти кишвар муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба музокираҳо анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳиму тақдирбахшро ба имзо расонанд. Пас аз зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолияти мебошад. Боиси хурсандист, ки холо таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиши табдил ёфтааст.

Бале, воқеъан сулҳу салоҳ ва амнияти кишвар аст, ки ин ҳама ободиҳо ва бундёдкориҳо вусъат меёбанд. Маҳз истиқлолият имконият дод, ки кишвари моро тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд эътироф намоянд ва робитаҳои дипломатиро барқарор кунанд. Ҳоло чун Тоҷикистон дар минтақа кишвари калидии транзитӣ мебошад, кишварҳои ҷаҳон хоҳони ҳамкориҳои густурда бо давлати мо буда, барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои азими Тоҷикистон доими изҳори омодагӣ мекунанд.

Хушбахтона, Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегин дар пешгузоштаи худ муваффақ гашта, ба истиқлолияти энергетиқӣ расид ва аз бунбасти коммуниктасионӣ низ раҳо ёфт. Ҳоло пешоруӣ кишвари мо вазифаҳои муҳиму мураккаби дигар истодааст, ки ба шарофати меҳнатдӯстию заҳматпарастии халқи азизамон иҷрои онҳо низ дар ояндаи наздик таъмин хоҳад гашт.

Яке аз вазифаҳои муҳими стратегии дар пеш гузошташуда саноатикунонии мамлакат мебошад. Саноатикунонии кишвар имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба кишвари тавлидкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти гуногун табдил ёбад ва дар кишвар истеҳсолот рӯ ба рушд ниҳад. Ин ҳама ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.

Самари неки истиқлолият аст, ки имрӯз Парчами Тоҷикистон дар кишварҳои гуногуни дунё парафшон мешавад. Ҷавонони мо дар кишварҳои зиёди хориҷ аз мамлакатамон таҳсил намуда, аз фарҳанги воло ва тамаддуни миллати тоҷик мужда медиҳанд. Дар маҷмӯъ, мардуми тоҷик имрӯз яке аз наслҳои хушбахти замон мебошанд, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чунин Ватани ободу озоду осуда умр ба сар мебаранд.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе Ҳабибуллозода Х.