Дӯстони азиз! Айни замон дар Ватани маҳбубамон 29-умин солгарди қабули Конститутсияи аввалин давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб меёбад….
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 06 ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз –Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Барои қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол, Комиссияи конститутсионӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Комиссияи мазкур иборат аз се гурӯҳ буда, аъзои гуруҳи корӣ мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ бо такя ба арзишҳои таърихӣ халқамон ва орзуву ормонҳои мардуми кишвар, инчунин таҷрибаи қабули Конститутсия дар давлатҳои дигар, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва муҳимтар аз ҳама бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, дар давоми зиёда аз ду моҳ ба Шӯрои Олӣ зиёда аз ҳашту ним ҳазор пешниҳодҳо ворид гардид. Бо назардошти он ки дар муҳокимаи ин санади таърихӣ доираи васеъи мардум иштирок карда, фикру андешаҳои худро фаъолона иброз намудаанд, лоиҳаи Конститутсия танҳо баъди ба эътибор гирифтани пешниҳодҳои мардум такмил дода, ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд.
Дар ин асно Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин қайд мекунанд: «Қонуни асосии мо воқеан ҳам, Конститутсияи халқӣ мебошад».
Дар асл қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин Конститутсияи ҷахон буда, дар шумораи даҳ Конститутсияи баҳтарини дунё шомил мешавад.
Яке аз аҳамияти таърихии Конститутсияи соли 1994 дар он аст, ки тибқи ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлат комилан ифода гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва берунии худ мустақил буда, ҳоло ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷахонӣ бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.
Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуд, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва давлат ӯҳдадор аст, эътироф, риоя ва ҳифзи онро таъмин намояд.
Дар даврони истиқлолияту амали Конститутсия шумораи иттиҳодияи ҷамъиятии шаҳрвандон босуръат афзоиш ёфт. Аз ҷумла дар Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазору панҷсад иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат мусоидат менамоянд.
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Бо назардошти пешрафти ҷомеа, бахусус дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду такомул қарор доштани давлатамон зарурият ба миён омад, ки дар меъёрҳои дахлдори Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Аз ин ҷост, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳое ворид карда шуд.
Аксарияти онҳо хусусияти таҳририву имлоӣ дошта, дар баробари ин ба масоили ҳуқуқи шаҳрвандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ, салоҳият ва дахлнопазирии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, таҳкими салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, муҳлати пай дар пай интихоб шудани як шахс ба мансаби Президентӣ, ба узвияти Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар ба инҳо монанд масъалаҳо бахшида шудаанд ва тағйиру иловаҳои мазкур бо тариқи раъйпурсӣ ин худ як навъи техникаи қонунгузорӣ мебошад.
Ҳамин тариқ бисту нуҳ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввалиндараҷа буда, ин нуқта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорам, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва мамлакати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Ҷашни 29-умин солгарди Конститутсияи ҶТ муборак ҳамватанони азиз!
Котиби маҷлиси судӣ ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе: Наимов А.М.