МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз 5 сентябри соли 2023 дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саидзода Гулбону Исуф иштирокчиёнро бо фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар давоми даҳ асри гузашта буда, маҳз ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлолият нишонаи озодӣ, ҳувият, рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ, саодат, ифтихору номус ва шарти пойдории миллати бузургамон мебошад, ки тақдирашро бо дасти хеш навишта, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намудааст.
Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шаванд. Дар идомаи маҷлис муовини якуми Раис Исозода Баҳодур Чиллахон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муҳими давлатӣ, 32 юмин солгарди истиқлолият таҳнияту шодбоши намуда, яке аз сиёсатҳои муваффақи ҳукумату мамлакат, сиёсати дарҳои бозро бузургтарин дастоварди соҳибистиқлоли номида, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон узви бузургтарину гиромитарин созмонҳои бо нуфӯзи минтақавию ҷаҳонӣ аз қабили Созмони милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Созмони ҷаҳонии Сайёҳӣ, Фонди иқлими сабз, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва садҳо ташкилоту ниҳодҳои байналмилалӣ гардид. Эътироф ва пазируфта шудани Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафтаи Сайёра дар арсаи байналмилалӣ кори саҳлу осон набуд, дар ин роҳ роҳбарияти олии давлату ҳукумат нақши созанда гузоштаанд. Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон озодона дар кишварҳои пешрафтаи Осиёву Аврупо кору фаъолият менамоянд ва зиёда аз 30 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии давлатҳои ҷаҳон таҳсил менамоянд, ки мо халқи Тоҷикистон ин дастовардро марбут ба даврони соҳибистиқлолии Ватан медонем.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои суди ноҳия Ҳакимзода Д.А., Иброимзода Г.И. ва котиби маҷлиси судӣ Ҷонзода Б. дар мавзӯъҳои » Истиқлоли давлатӣ падидаи нодири таърихӣ», « Истиқлолият рамзи саодат ва бақои миллат ва «Таҳкими ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлолият» маърӯзаҳо намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саидзода Гулбону Исуф иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, гуруҳи кормандонро бо иҷтихорномаҳо сарвароз гардонида, кори маҷлисро хотима бахшиданд.