29 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

29-солагии қабули бахтномаи миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ буда, тамоми ҷанбаҳои зиндагии шоистаи аҳолӣ, волоияти қонун ва пешрафти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва унитариро дар бар мегирад. Хушбахтона, халқи тоҷик пас аз асрҳо соҳиби давлати мустақили зуд гардида, бо якдилӣ ин санади олии ҳуқуқиро қабул карданд. Ин санади олии ҳуқуқӣ асоси системаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ва иқтисодии давлатро муаӣян мекунад. Конститутсия тартиботи ҷамъиятӣ, системаи интихобӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандонро муаӣян месозад.

       Боиси хушҳолист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои олам қарор гирифтааст, ки тамоми ҷанбаҳои муҳталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ халқу давлатро дар бар мегирад.

Рӯзи бахтномаи миллат муборак!

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур
шаҳри Душанбе:                                      Ҳакимзода Д.