Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 » ҳамзамон баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён аз ҷониби Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Исозода Баҳодур Чиллахон ва судяҳои ҳамин суд Назарзода Даврон Қувват, Ализода Шаҳноза Зариф ва Иброимзода Гулчина Иброим бо омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар мавзӯҳои мубрам, ташвиқи Конститутсия ва Қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд «, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва мубориза бар зидди терроризму ифротгарои мулоқот анҷом дода шуд. Дар баромади худ Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Исозода Баҳодур Чиллахон диққати хонандагонро ба вазъи имрӯзаи Осиё ва минтақа ҷалб намуда, онҳоро аз ҳар вақта бештар, аз ҳар руза бештар даъват ба ватандустӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри фазои сулҳу суботи ватани азизу ҷононҷон Тоҷикистон намуд. Дар охир аз ҷониби ҳозирон бо намояндагони Ҳокимияти суди дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.