ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 16 апрели соли 2025 дар асоси нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо усули “мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 -и, ноҳия бо иштироки Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Ардашер, Судяи суди ноҳия Толибзода Дилошуб, Судяи суди ноҳия Абдулазиззода Тахмина, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Комилҷон Абдуназарзода, мудири бахши занон ва оилаи ноҳия Ализода Фарида, муовини бахши ноболиғони ШВКД-1 ДАР ноҳияи Шоҳмансур Ҳасанзода Нигина ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ бо кормандону омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болои баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин ҷиҳати таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар ноҳия, риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, эҳтиром ба калонсолону ҷомеаи шаҳрвандӣ, таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносию худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватану миллат, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, соҳибкасб шудану содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан таъкид карда шуд.
Ҳамчунин оиди сатҳи ҷинояту ҷинояткори дар байни наврасону ҷавонон ва оқибатҳои нохубу зарари онҳо ба ҷомеа, ҳамчунин фаҳмондадиҳи оиди пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ , тақвият додани корҳои идеологӣ, корҳои ободониву созандагӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, риояи Қонунҳои амалкунанда, тарғиби фарҳангӣ бегона аз ҷониби ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар як шахс мебошад.