Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат вамуқаддастарин арзиши миллӣ мебошад, ки тамомипешрафту тараққиёт ва комёбиҳовумуваффақиятҳои кишвари азизамон, инчунинрӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз он маншаъ мегирад. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдории миллӣҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифитоҷик ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.
Маҳз аз самараву баракати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулҳу ваҳдати комил, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон карда шуд ва боиси ифтихору сарбаландии мо тоҷикон аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.
Гузашта аз ин, соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба муносибати панҷсолагии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо, инчунин дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд. Онҳо таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро дар ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ падидаи нодир арзёбӣ намуданд ва барои дигар кишварҳову минтақаҳои ҷангзада ҳамчун намуна барои татбиқ тавсия доданд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санаи воқеан ҳам таърихӣ, ҳанӯз 13 ноябри соли 1998 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (соли 1995) иловаи дахлдор ворид карда шуда, 27 июн «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» муқаррар гардид ва ин рӯзи босафоро халқи Тоҷикистон ҳамасола ботантана ҷашн мегиранд.
Бо кӯшишу талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии халқи тамаддунофари тоҷик, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар Муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани Созишномаи мазкур қайд намуданд ки: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».
Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ машаққатҳои зиёдро аз сар гузаронида, ҳатто ҷони худро дар хатар гузоштанд, то ки миллати азияткашидаи тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта ба по хезанд, сулҳу салоҳ, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Дар натиҷа, мардуми бо нангу номуси Тоҷикистон аз қаҳрамонӣ, шуҷоатмандӣ ва хирадмандии Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ намуд ва имрӯз тамоми сокинони мамлакат зери парчами Ваҳдати миллӣ дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд ва ба сӯи ҷомеаи адолатпарвар равонанд.
Ба шарофати соҳибихтиёр эълон гардидани худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо кард, ки сиёсати дохиливу хориҷии хешро мустақилона ва озодона бидуни мудохилаи дигар мамлакатҳо мувофиқи манфиату иродаи халқи Тоҷикистон муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда, онҳоро боз ҳам густариш диҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.
Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.
Бинобар ин, мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳо буда, моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва моҳияти онро ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонем.
Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:
Абдулазиззода Т.