Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост,он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал гаштан мегирад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизаткардани истиқлолияти комили давлат, ҳифз ва рушди фарҳанги пурщановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлузаковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории миллии тозаистиқлоли Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин радиф тимсоли сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ кишвар гардидааст. 27-июни соли 1997 рӯзест, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли моро бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гардонид, ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намудем. Барои ноил гаштан ба ин дастоварди милли мардуми шарафманди соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърихиро паси сар намуд, дар натиҷаи заҳматҳои якдилонаи мардуми сарбалани Тоқикистон аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расиданд, боз якдилу якмаром гаштанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш гирифтанд ва зери созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзои мубораке гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ санаи таърихӣ ва сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад. Сулҳу субот, ризояти ҷомеа, ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Ваҳдат барои миллати тоҷик чун бузургтарин неъмат дар бедорсозии дониши сиёсии мардум ва ташаккули ҳуввияти миллӣ заминаи босазое фароҳам оварда тавонист. Ҷашни Ваҳдат барои Тоҷикистониён ҷашни тақдирсоз буда, ба санаи баҳамоии тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа рост меояд. Ба имзо расидани ин ҳуҷҷати муҳим, пойдор гардидани давлати навини тоҷикон, дар даст доштани истиқлолияти воқеӣ аҳли ҷомеаро водор намуд, ки дар давлатсозии навини кишвар фаъолона иштирок намуда, оромӣ ва густаришу ташаккули давлати навинро абадан нигоҳ доранд. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз дар баробари ба даст овардани арзишҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ масъалаи буду боши миллати тоҷик ва пойдории давлати миллиии тоҷикон масъалаи муҳими рӯз буд ва он хушбахтона ба манфиати миллати тоҷик ҳалу фасл гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз намоем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин созем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсози миллат, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр намем, барои пойдору устувор мондани ваҳдати милли ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон оғози хуб бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибимстиқлол мавқеи давлатдории милии, истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар намояд, ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем. Ҳамгироӣ дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату маром зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии ваҳдати миллии дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад. Тавре,ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад. Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ, идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.
Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди бонангу номус худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш намуда барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд.
Раҳмон М.Ю судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе