Дар таърихномаи ҳар давлату миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят ва намунаи ибрат хизмат мекунанд.
Хушбахтона, дар Иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адолат ғалаба кард ва вакилони мардуми ба бахти халқи тоҷик сарвари сулҳовару ваҳдатовар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раиси Шурои олӣ интихоб намуданд. Баъдан халқи тоҷик Пешвои миллатро ҳамчун Президент – Роҳбари давлати демократӣ якдилона ва бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ интихоб намуданд. Ҷумҳурӣ марҳилаи хеле ҳассосро аз сар мегузаронд, бесарусомониву беҳокимияти ҳукмрон буд ва ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашта буд. Дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии мамлакат дастаҳои алоҳидаи мусаллаҳи худноогоҳи манфиатхоҳ амалиётҳои ҷангиро идома медоданд. Дар чунин шароит Пешвоии миллат ба фаъолияти роҳбарӣ шуруъ намуда, масъалаи истиқрори сулҳ ва эҳёи давлатдории тоҷиконро ба мадди аввал гузоштанд.
Ваҳдатофарии миллати мо собиқаи куҳан дорад. Зеро андешаи ваҳдат ё худ ваҳдати вуҷуд бо маъниву мазмунҳои гуногун дар таърихи фалсафа ва ирфони ниёгонамон мақоми бориз дорад ва он ҳамчун омили некуаҳволӣ ва офияти ҷомеа арзёбӣ шудааст. Дар адабиёт ва фалсафаи муосир бошад, мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидӣ ва ягонагӣ, яъне якдилию якмаромии ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравӣ ва шукуфоии давлат ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллии мо тоҷикон нишонаи боэътимоди ҳамоҳангии роҳбари давлат бо мардуми Тоҷикистон аст. Ваҳдати миллии мо имкон фароҳам овард, ки давлати мо мунтазам ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мушарраф гардад. Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки моҳияти ватандорӣ робитаи зич дорад ва он ҳамчун сиёсати сулҳофаринӣ рушду тараққии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ таъмин намуда, барои устувор гардидани низоми сиёсӣ мусоидат намуд ва истиқлоли давлатиро таҳким бахшид.
Барои ҳар як давлату халқ сулҳ ва оромӣ муҳимтарин дастовард ва комёбӣ мебошад, бе ваҳдати миллӣ ба рушди устувори иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанги расидан амри маҳол аст. Хушбахтона, халқи тоҷик роҳи дурусти тараққиёти худро дар ваҳдати миллӣ дарёфт. Ваҳдати миллии мо аз ҷониби давлатҳои мутараққӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф шуд, ҳамзамон, он имрӯзҳо ҳамчун намунаи ибрат барои ҳалли низоъҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ шудааст. Ваҳдати миллӣ омили таъминкунандаи осудаҳолии шаҳрвандон ва некуаҳволии ҷомеаи кишвар аст ва дар радифи сулҳ яке аз бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон маҳсуб меёбад.
Дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва кишвар ба таври устувор рушд намуда истодааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Точикистон ба давлате табдил ёфт, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо эътироф гашт, балки ташаббускору пешсаф дониста шудааст. Муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ, аз қабили, қабули Конститутсияи нав, гузаронидани райъпурсиҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, интихоби озоди Президенти кишвар, ташкили парлумони дупалатагӣ дар асоси принсипи бисёрҳизбӣ интихобшуда, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани форумҳо (анҷуманҳо)-и бонуфузи минтақавию ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим ва экология тасдиқ мекунанд, ки мамлакати мо дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ пеш рафта истодааст.
Ҳаргиз фаромуш набояд кард, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошанд. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузорем, дар атрофи андеша ва давлати миллӣ муттаҳид шавем, онгоҳ чун миллати ягона бо таърих, асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро боз ҳам таҳким бахшем.
Самимият, ҷасорат, сиёсати хирадмандона ва дурандешона, сулҳпапарварӣ ва ваҳдатоварӣ ва дигар сифатҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон инкон доданд, ки сулҳ пойдор бошад ва Ваҳдати миллӣ тантана намояд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои истиқрори Сулҳ ва таҳкими Ваҳдати комили миллӣ саҳми худро гузорем.
Cудяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Мирзозода Ғ.Н.