Рушди қонунгузорӣ ва таъмини адолати судӣ дар замони Истиқлол

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад ва истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст”.

Воқеан миллати куҳанбунёди тоҷик дар охири асри 20 давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ба наздикӣ мо 34 солагии истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни таърихии миллӣ таҷлил мекунем.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон буда, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ доштаанд, ки имрӯз ба мо муяссар гаштааст, орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.

Дар рукни бунёди давлати мустақил, озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо мақомоти судӣ мақоми махсус дорад.

Чунончӣ, Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, адолати судӣ дар ҳақикат, ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мебошад.

Агар мо назар ба таърихи ташкилёбӣ ва ҳолати тоинқилобии ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон назар афканем вазифаи асосии судҳо ин таъмини қонуният, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Таърихи ташкилёбии мақомоти судӣ ба тақсимоти миллӣ — давлатии осиёи миёна ва ташкилёбии РАСС Тоҷикистон рост меояд. Кумитаи инқилобии (Ҳукумати муввақатии) Тоҷикистон муҳиммияти мақомоти адлия ва судҳоро дар таъмини қонуният, ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ дарк намуда, бобати барпо кардан ва тараққӣ додани мақомоти адлия ва судҳо дар Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ меандешид.

Яке аз ин гуна тадбирҳо қарори Кумитаи инқилобии РАСС Точикистон аз 14-уми декабри соли 1924 дар бораи таъсис додани Комиссариати халқии адлия буд, ки таърихи ташкилёбии мақомоти судии Тоҷикистон аз ҳамин сана оғоз меёбад.

Мақомоти судӣ аз рӯзи аввалини барпо гардидани худ дар кори татбиқи қонунҳо, муҳофизати ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии халқ ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳми босазое гузоштааст.

Ҳукумати Республикаи халқии Советии Бухоро (РХСБ) бо қарори махсуси худ аз 2-юми сентябри соли 1920 судҳои қозигии тоинқилобиро расман барҳам дода, таъсиси судҳои советии халқӣ ва судҳои қозигии халқиро эълон намуд. Тамоми судҳо ба нозири адлияи РХСБ тобеъ будаанд. Низомнома дар бораи сохтори суди РХСБ, ки Кумитаи марказии иҷроияи умумии Бухоро 5-уми январи соли 1924 қабул кард, кори мақомоти судии РХСБ-ро боз ҳам демократитар сохт. Чунончӣ, мувофиқи ин Низомнома дар судҳои қозигӣ ҳангоми баррасии коллегиалии парвандаҳо машваратчиёни халкӣ иштирок мекарданд.

Кумитаи инқилобии РАСС Тоҷикистон бо мақсади назорат ба қонунияти инқилобӣ, ташкил намудани муассисаҳои судӣ, прокурорӣ, мақомоти тафтишот бо мақсади ба ин мақомотҳо роҳбарӣ ва назорат кардан ба онҳо дастур додан 14-уми декабри соли 1924 бо қарори худ Комиссариати халқии адлияи (КХА) РАСС Тоҷикистонро таъсис медиҳад.

Моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон “Дар бороаи аз нав ташкилкунии муассисаҳои судӣ дар РСС Тоҷикистон” дар соли 1929 Сарсуди Республика барҳам дода шуда, ба ҷои он Суди Олии РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ин вақт дар Тоҷикистон асосан низоми дуҷузъаи суд- суди халқӣ ва Суди Олии Тоҷикистон муқаррар гардид ва Суди Олӣ нисбат ба суди халқӣ суди кассатсионӣ буд.

Мақомоти судии Тоҷикистон дар давоми ин солҳои фаъолияти худ қонуният, ҳуқуқ ва манфиатҳои ичтимоию иқтисодии халқро фаъолона муҳофизат карда меоянд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, аз аввал душманони кӯҳнабунёди ин миллат ба ҳар роҳ мехостанд, давлати тоҷиконро аз байн баранд. Ақлу заковати миллати тоҷик пирӯз гашту дар Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон созмони ҷамъияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт ва он минбаъд дар таҳкими Истиқлолият ваҳдат, сулҳу субот, худшиносии миллӣ хизмати шоистаеро ба сомон расонида истодааст.

Мақомоти судии Тоҷикистон дар солҳои нооромии қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 1992 ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри оромии ҷомеа, якпорчагии давлати навини тоҷикон корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ҳам моҳи ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.

Яке аз дастовардҳои муҳими мақомоти судӣ ва баланд гардидани нақши мақомоти судии Тоҷикистон ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз қабул гардидани Конститутсия бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва бехатарии давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судии ҷумҳурӣ супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замон ва қолабҳои байналмилалии марбути рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд. Бинобар ин соли 1995 як қатор қонунҳои Конститутсиони – “Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи сохтори судҳо” таҳия ва қабул гардидаанд, ки нақши ҳокимияти судиро дар ҷомеаи навини тоҷикон баланд бардоштанд. Аввалин маротиба тибқи Конститутсия ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор иҷроия ва судӣ тақсим карда шуд.

Тибқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Мустақилияти судҳоро моддаҳои 84 ва 87 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шахрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Инчунин, дар моддаи 87 Конститутсия омадааст, судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаоълияти онҳо манъ аст.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст, аз ҷониби суд ҳифз карда мешаванд ва ҳеҷ кас то эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд, дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Мавриди зикр аст, ки барои таҳкими фаъолияти ҳокимияти суди чор маротиба барномаҳои ислоҳоти суди ҳуқуқӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор гирифтанд.

Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти суди, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озидиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо муаиссаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои суди ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо мебошад.

Мақоми судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомули худ борҳо тағйири сохторӣ ёфтаанд, агарчӣ моҳияти фаъолияти асосии онҳо таъмин кардани адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд тағийрнопазир мемонад.

Ин ҳама баланд бардоштани дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи шаҳрванди буда, мо судҳоро вазифадор мекунад, ки бо дилу нияти пок, хизмати содиқона ба халқ саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии сарзамин, пеш аз ҳама баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандии давлати навини тоҷикон ривоҷи демократия ва пойдорию устувории ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кушиш ба харҷ диҳем.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамкасбони азиз ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборакбод гуфта, бароятон хонаободи оромиву осудагӣ ва некбахтию хӯшрузиҳо орзумандам.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Толибзода Д.