Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 дар Тоҷикистон, ки боиси талафоти зиёди ҷонивуиқтисодӣ гардид, сабақи талхе барои миллатитоҷик буд. Танҳо баъди талошҳои пайваста ваиродаи сиёсиву шахсии Пешвои миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии халқ, рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ варизоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдодитаърихӣ саҳифаи наве дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоиикишвар боз кард ва заминаи ваҳдати воқеирогузошт.
Солҳои баъдӣ нишон дод, ки ваҳдати миллӣ то чӣандоза муҳим аст. Бунёди мактабҳо, роҳҳо, беморхонаҳо, таҷдиди сохтори идорӣ ва рушдииқтисод, ҳамаи ин дар фазои оромӣ ва иттиҳодимиллӣ имконпазир гардид. Иштироки фаъолонаимардум дар интихоботҳо, татбиқи барномаҳоидавлатӣ ва рӯ овардан ба созандагӣ, нишондиҳандаи болоравии масъулияти шаҳрвандӣва худшиносии миллӣ аст.
Имрӯз низ таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаиаввалиндараҷаи ҳар як фарди бедордил мебошад. Таҳдидҳо чун ифротгароӣ, таблиғи идеологияибегона, кинаву адовати сунъӣ метавонанд фазоиягонагии ҷомеаро коста созанд. Аз ин рӯ таҳкимимаърифати сиёсию ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстонава гиромидошти арзишҳои миллӣ бояд дар марказитаваҷҷуҳи муассисаҳои таълимӣ, оила ва давлатқарор дошта бошад.
Ваҳдати миллӣ мафҳумест, ки ба ҳамбастагиитамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз миллат, мазҳаб, ақида, минтақа ва забон асос ёфтааст. Ин ваҳдат танҳо як шиор нест, балки як ҳолатииҷтимоиву маънавист, ки мардумро дар атрофиарзишҳои умумимиллӣ, мақсадҳои ягона ваормонҳои ватандӯстона муттаҳид месозад. Ин неъмати бузургест, ки мардуми Тоҷикистон онро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Барои ҳар як шахсисоҳибватан ҳифзи ин дастовард, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар сулҳу суботвазифаи муқаддас аст.
Ҳар миллате, ки роҳи расидан ба истиқлол вапешрафтро пеш мегирад, ниёз ба якпорчагиисиёсиву иҷтимоӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳодимиллӣ дорад. Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчуномили муҳими таҳкими давлатдорӣ ва рушдиустувори кишвар нақши калидӣ мебозад. Таҷрибаитаърихии Тоҷикистон низ собит намуд, ки бидуниваҳдат на сулҳ имконпазир асту на рушду тараққӣ.Чуноне ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ваҳдат неъмати бебаҳо ва шарти асосии рушди давлату миллат аст».
Эмомализода Умеда Эмомалӣ