Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз

         Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат маҳсуб меёбад. Тоҷикистон давлати мустақил дорои Конститутсия ва рамзҳои давлати, ки онҳоро дар якҷояги муқаддасоти давлатӣ мегуянд.  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Иҷлосияи таърихи шонздаҳумин Шўрои Тоҷикистон, ки дар  Қасри арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, қабул карда шуд. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангӣ ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлати инъикос меёбанд. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеъияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.

         Бо ибтикор ва иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатиамон  гузошта шуд ва он ба китоби Рекордҳои Гинес ворид гардид. Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқолол дар мамлакат ва дар давлатҳои дунё парафшон буда аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. Воқеан чун парчам барафтохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сўи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос хоҳад шуд.  Ҳар сол бошад пас аз тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Дар бораи рузҳои ид» санаи 24-уми  ноябр, дар кишвари азизамон рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

         Бошад, ки парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад  ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем ва дар сояи он мо ҷавонони Тоҷикистон барои ояндаи неку ҷовидони Ватани азизу  аҷдодии худ саъю кушиш намоем.

Котиби маҷлиси судии суди

ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:                  Маҳмадмуродзода Ф.М.