Дар паёмҳои Пешвои миллат, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеи намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ироа мегардад, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян карда мешаванд. Паём доираи васеи масоили мубрами ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, нуктаҳои асосии он аз таҳлил ва натиҷагирии фаъолият дар як соли пеш ва баррасии нақшаву стратегияҳои нав барои солҳои оянда иборат мебошанд. Ҳамчунин дар Паём ҳамаи самтҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба таври муфассал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд, ки ин барои дурнамои рушд ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти пурсамари мақомоти давлатӣ хеле муҳим аст. Ин аст, ки аҳли ҷомеа ҳамасола Паёми Пешвои миллатро бо як умеди бузург интизор шуда, бо самимият истиқбол мегиранд.
Аз нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ бармеояд, ки соли гузаштаро мо бо нишондиҳандаҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷамъбаст намудаем. Ин нишондодҳо имкон доданд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ варушди босуботи кишвар як қадами наву устувор гузорем. Чунончӣ дар Паём иброз гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”.
Ин суханон моро водор месозанд, ки дар шароити муосири рушди муносибатҳо ва таъсири пайомадҳою хатару таҳдидҳои хосияти глобалидошта, ҳарчӣ муттаҳид бошему сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии мамлакат ва Истиқлоли давлатиро ҳифз намоем.
Нигоҳ накарда ба таҳдиду хатарҳои зиёд ва фоҷиаҳои хунини ба сари миллати мо омада, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат барои амалӣ намудани нақшаҳоии миллии стратегӣ, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодии кишвар қадам ба пеш гузошта,ба натиҷаҳои бузург дар самти баромадан аз бумбасти коммуниктсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ниҳоят саноатикунонии кишвар ноил гардида истодаем.
Дар Паёми навбатӣ бештар масъалаҳои ташаккули “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баландбардории рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвият бахшидани имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмин намудани зиндагии шоиста ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуданд.
Таъкидҳои Роҳбарияти олии мамлакт аҳли ҷомеаи моро боз ҳушдор медиҳанд, ки баҳри бартараф сохтани камбудию норасоиҳо дар самтҳои мазкур ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда,барои бартараф кардани онҳо талош варзем. Зеро танҳо бо ҳал намудани ин масъалаҳо мо метавонем,дар мамлакат фазои хуби иҷтимоӣ-иқтисодиро ба вуҷуд биёрем ва зиндагии шоистаи аҳолиро таъмин намоем. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва меҳнати пурмаҳсул рушди иқтисоди миллиро таъмин намудааст: “Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.
Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.
Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд”.
Ҳамчунин ба истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, назорати рақамии ҳаракати роҳу нақлиёт, кам кардани талафоти неруи барқ, истифодаи ғайринақдии маблағҳои пулӣ диққати махсус зоҳир карда шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф моро зарур аст, ки барои омода намудани мутахасиссони соҳаи ТИК дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мо диққати бештарро равона намуда, сатҳу сифати омӯзиши техникаву технологияи муосирро беҳтар намоем.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилӣ мебошад. Зеро дар мазмуни асосии он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои миллату давлатбо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии кишварбаён карда мешаванд.
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ҳар як шаҳрванди меҳанпараст, меҳнатдӯст ва дорои ифтихори баланди миллӣ дарк кардааст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлати моро тибқи Конститутсия собит месозад. Паём санади муҳимтарин ва рамзи соҳибихтиёрии мамлакат аст ва аз ин лиҳоз ҳам барои пешрафти ҷумҳурии азизамон моҳияти бузурги ҳаётӣ дорад ва барои таҳким бахшидани истиқлолият, ки муқаддастарин дастовард дар таърихи муосири миллати тоҷик, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад, моҳияти беназир дорад.
Хушбахтона, зиёда аз 32 сол аст, ки Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш меравад ва баъди заминагузории сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон рӯй бар рушду инкишофи иқтисоди миллӣ гузоштааст.
Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе Иброимзода Г.И.