ПАЁМ ВА ИҚДОМҲО ДАР СОҲАИ ОБ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққии олам касб кардааст.

Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, роҷеъ ба пешбурди манфиатҳои хориҷии кишвар ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, истеҳсолот, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу амнияти ҷомеа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Яке аз талошҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад.

Тавре Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: “Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст”.

Муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 — 2028 ба шумор мераванд.

Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузорӣ ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Ташаббусҳои болозикр, ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрўву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ин аст, ки имрўз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор, равишҳо ва механизмҳои амалисозии масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об якҷо бо дигар ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд.

Зикри ин нуқта ҳам бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардида истодааст.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳо роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам мегарданд.

Баргузор шудани чандин нишастҳо, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдўсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайравӣ мекунад.

Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

Дар ҳар як Паёми худ Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки об чун мояи асосии мавҷудияти инсон ҳамеша ва дар ҳама маврид бояд сарфакорона истифода шавад. Инсон бояд обро ҳамеша покиза нигоҳ дорад. Он чорабиниҳои глобалие, ки дар сар то сари ҷаҳон дар асри нав барои ҳалли мушкилот оид ба об рафта истодааст, ин ҳама дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва таъмини сулҳу субот саҳми шоёни худро гузошта истодааст.

Ин ҳама таваҷҷуҳ ба об моро водор месозад, ки манбаъҳои обиро самараноку сарфакорона истифода намуда, дар ҳифзу тоза нигоҳ доштани он кушиш ба харҷ диҳем.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Толибзода Д.