ПАЁМ ҚУТБНАМО СӮЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ

Ҳамасола дар рӯзҳои охири сол ё оғози соли нав сокинони кишвар ва аз ҷумла мо кормандони мақомоти судӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”-­­ро бесаброна интизор мешавем. Зеро дар ин ҳуҷҷати муҳими расмӣ ва барномавӣ рушду тараққиёти мамлакат дар тӯли сол аз ҷониби Сарвари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, роҳи минбаъдаи  рушди соҳаҳои  хоҷагии халқи кишвар ва вазорату кумита ва ниҳодҳои дигари давлатӣ муайян карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (28 декабри соли 2023) соли 2023-ро барои кишвар ва сокинони он бобарор арзёбӣ намуданд. Дар ҳақиқат, мамлакати мо дар ин сол ба дастовардҳои зиёде ноил шуда, шароити зисту зиндагонии мардум низ беҳтар гардид.

Тибқи маълумотҳое, ки дар Паём садо доданд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокини мамлакат шароити истиқомати худро беҳтар кардаанд.  Боиси дастгирист, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медоданд, ки ояндасози миллатанд. Аслан, мавзӯи дастгирии ҷавонон, ба вуҷуд овардани икониятҳои беҳтари кору таҳсил ва истироҳат барои онҳо дар ҳамаи Паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми махсусро ишғол менамояд, ки ин ғамхорӣ ҳамзамон барои фардои дурахшони кишвар ва мардуми мо аст. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон чунин иброз намудаанд: ”Ҷавонони мо ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла да ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқии обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.” Аз ин рӯ, дар Паём бори дигар таъкид гардид, ки “Ғамхори нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад…”.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати касбомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар ҳамаи соҳаҳо барои такмили ихтисоси касбу ҳунарҳои гуногун имконият фароҳам оварда мешаванд. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд.

Ҷои баҳс нест, ки яке азмушкилиҳои даврони нав норасоии ҷои кори доимӣ барои сокинони қобили меҳнат аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла чунин зикр карданд, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода, бо музди меҳнати муносиб таъмин карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тадбирро яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат муайян кардаанд. Амалӣ гардонидани ин вазифаҳо сатҳи некуаҳволи  сокинони мамлакатро боз ҳам болотар хоҳад бардошт.

Аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд намудани музди меҳнати амалкунанди хизматчиёни ҳарбӣ кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот, аз 1-уми июл бошад, ба андозаи 30 фоиз зиёд намудани нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо ва 40 фоиз зиёд кардани маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои  ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо ғамхории нави давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар аст, ки аз ҷониби Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, масъалаи дигар муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ва таҳкими қонуният, пешгири кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои исон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.”

Ин нуқтаи Паём низ бо беҳтар намудани фаъолияти судҳо, таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ, волояти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба рушди минбаъдаи кишвар ва беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат равона гардидаанд.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ 7,5 фоиз, ҳаҷми ММД 1,5 баробар даромади аҳолӣ 3,3 баробар, музди миёнаи меҳнат ва андозаи нафақаи ниҳоӣ мутаносибат 2 ва 1,9 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба 29,5 фоиз соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шудааст, ки далели барҷастаи беҳтар гардидани сатҳи некуаҳолии мардуми кишвар мебошад. Ин рақамҳо ҳамаи моро руҳу илҳом мебахшанд  ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «вазифадорем, ки… муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.”

 

Судяи суди ноҳияи

         Шоҳмансури шаҳри Душанбе 

         Назарзода Д.Қ.