ПАЁМ БАРНОМАИ МУКАММАЛИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ!

ПАЁМ БАРНОМАИ МУКАММАЛИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ!

Паёми сарвари давлат институти муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда аҳамияти бузургеро дар раванди идоракунии давлат касб месозад. Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.​​​​​​​​​Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.​​​​​​​​​Пешвои Миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паём аз вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири манфии бархӯрдҳои сиёсию геополитикӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, яроқнокшавии бошитоб ва марҳилаи авҷ гирифтани “ҷанги сард” миёни давлатҳои манфиатдори сайёра ёдовар гардида, иброз доштанд, ки равандҳои манфии халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни давлатҳо боиси ба вуқуъ омадани  буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.​​​​​​​Новобаста аз мушклоти иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳи давлатҳои ҷаҳон кишвари мо тавонист, ки дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои роҳандозгардида аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамаи ин равандҳои манфии таъсиргузор ба иқтисодиёти ҷаҳониро паси сар созад. ​​​​​​​Тибқи таҳлилҳо, рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2022 ба қадри 7,3 фисад таъмин гардида маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт ва ин нишондод далели амалишавии барномаҳои давлатӣ дар хусуси рушди иқтисоди миллӣ мебошад.  ​​​Қобили зикр аст, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.​​Дар ин росто, иқдоми навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зиёд намудани андозаи музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз 1-уми марти соли 2023 ба миқдори 25 фисад ва дигар кормандони ин ниҳод ба миқдори 20 фоиз ва аз 1 уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо ба андозаи 20 фоиз ва дар баробари ин зиёд намудани андозаи нафақаи заминавӣ ба андозаи 20% ва индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи на кам аз 16 фисад яке аз дастовардҳои иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат дар самти беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии ин табақаи аҳолӣ буда, боис ба руҳбаландии онҳо ба кору зиндагӣ ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишварамон мегардад.​​​Яке аз масоили муҳим дар сиёсати давлатӣ ин паст кардани сатҳи нишондиҳандаи камбизоатӣ маҳсуб меёбад. Дар паёми навбатии ироашудаи сарвари давлат ин нуқта низ мавриди зикр қарор гирифт. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳукумати кишвар дар ин масъала пайваста тадбирҳои имконпазирро мавриди амал қарор медиҳад. Вобаста ба ин дар натиҷаи афзоиши даромадҳои аҳолӣ ва баланд гардидани нишондодҳои рушди иқтисодии мамлакат сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёфт.​​Ҳамин тариқ, рушди иқтисоди миллӣ кафили паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мебошад.  Бо ин мақсад ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар сохтани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад. Дар робита ба ин Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки  иқтидорҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидан ба раванди иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.​​​​​Сиёсати давлат дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар масъалаҳои афзалиятнок, ки зимни ироаи Паём аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, дастгирии соҳаи маориф ва тарбияи дурусти насли наврас яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёбанд.​​​​Раванди таълиму тарбия ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки низоми маориф устувор ва муасиссаҳои таълимӣ муҷҷаҳаз бо ҳама шароиту лавозимоти зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи стандартӣ бошад.​​​​Давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешрафти бомароми соҳаи маориф ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Бо мақсади беҳтар сохтани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Сарвари давлат  ба ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки аз 1 уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи зикрёфта ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. ​​​Дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион ё худ 12,6 фоиз зиёд мебошад. ​​​​​​​​​Мактаб боргоҳи имлу маърифат ва даргоҳи саодат аст. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи паёмашон қайд карданд, ки “агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Раванди созандагиву бунёдкорӣ ва азнавсозии иншоотҳои соҳаи маориф то ҳануз идома дошта дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Ғамхории сарвари давлат ва ҳукумати малакат ба ин соҳаи калидии кишвар ба хотири рушди неруи инсонӣ ва пешравии кишварамон Тоҷикистони азиз мебошад.​​​​Барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф Пешвои миллат ба Ҳукумати малакат ва Вазорати маориф ва илми кишвар дастуру супоришҳои нав дода қайд намуданд, ки “Пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобстагии мустақим дорад.” ​​​​​Ҳамин тариқ, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба вазъияти мураккаби иқтисодӣ ба раванди азнавсози системаи маориф, ҳамчунин дастгирии модди омӯзгорон, донишмандону донишҷуён ва дар умум, аҳли маорифро идома дода, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаи ин ниҳод ҳамаи тадбирҳои зарурио меандешад.​​​​​​​​​​​​Бояд тазаккур дод, ки Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ба сифати падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зуҳур ёфта, дар раванди инкишоф ва ояндасозии ҷомеа ва давлат нақши ба худ хосро касб намудааст.​​​​Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ низ дошта, яке аз асосҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар мақоми оли қонунгузорӣ – парламент ба ҳисоб меравад. Зеро дар паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳое, ки барои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлат зарур мебошад, аз ҷониби Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ироа карда мешаванд.​​​Дар ҳар як Паём сарвари давлат оид ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар самтҳои фаъолияти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ишора менамоянд. Дар ин росто дар паёми имсола аз 23 декабри соли 2022 қайд намудаанд, ки “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайвста таҳкиму такмил дода шавад.​​​​​​​​Бинобар ин, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд”.​​​​​Ин пешниҳодҳои Президенти мамлакат сармашқи фаъолияти ҳокимияти судӣ гардидаанд.​​​​​​​​​​​​Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати “дарҳои кушод” Тоҷикистон имрӯзҳо ба яке аз давлатҳои пешсафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли мушкилиҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Боиси сарбаландист, ки таклифҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст ва дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ баҳри амалӣ намудани ин таклифҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.​​​​​​​​​​Точикистон дар сатхи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14 декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд якдилона қарор қабул кард.​​Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчубаи СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад.​​​​​​​​​​Аз ҷумла дар паёми имсола Пешвои миллат қайд намудаанд, ки “Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари  мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таъирхӣ буда, таввасути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузругтарин манбаъҳои оби  ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.

Масъалаи мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба хусус баъзе аз ҷавонони камтаҷриба  ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва иттиҳодяҳои ҷиноятӣ масъалаи нигаронкунанда ва ҳалталаб боқӣ мондааст. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба ин нуқта диққат дода чунин қайд намуданд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудании шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундагроӣ гумроҳ месозанд.​​​​Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳоиифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба Халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.

Ҳамин тариқ, дар паёми хеш Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ аз пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат маълумот дода, ҷиҳати ҳалли камбудиҳо супоришу вазифаҳо доданд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу ватан ва иқдому ташабуссҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонанд.​​

Котиби суди ноҳияи

Шоҳмансури шаҳри Душанбе:       Исматзода Ш.