ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ЯКЕ АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

       Расму оин ва анъанаву маросим яке аз унсурҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як халқу миллат ба шумор мераванд. Онҳо падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ҳаёти мардум буда, ҳанӯз дар замони қадим ба вуҷуд омадаанд ва асосан бе тағйири сохту мундариҷа то ба имрӯз расидаанд. Инчунин, онҳо ҳамчун намунаҳои фарҳанги миллӣ дирӯзу имрӯзи ҳаёти халқро мепайванданд ва барои ваҳдату ягонагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, арҷгузории арзишҳои маънавӣ, тарбияи аҳли ҷомеа ва мустаҳкам намудани мансубияти қавмию худшиносӣ нақши муҳим мебозанд.
       Миллати куҳанбунёди мо, вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, аз қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаеро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст, ки ҳоло ба ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Анъанаҳои миллӣ меъёрҳои таърихан ташаккулёфта ва нисбатан устувори рафтор, тарзи зиндагӣ ва рӯзгордории хоси ин ё он ҷомеаи миллӣ мебошанд, ки онҳо аз насл ба насл ба мерос мегузаранд ва дар афкору хотираи аҳли ҷомеа маҳфуз мемонанд.
       Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзгори мардуми тоҷик ранги дигар гирифт. Муҳимтар аз ҳама, қонун аз тарафи мардуми кишвар ба хубӣ истиқбол шуд.
       Қонуни мазкур аз дастовардҳои даврони Истиқлолият мебошад, ки ба мардум имкон дод сатҳи рӯзгори худро баланд бардорад. Баъд аз қабули қонун мардум тадриҷан аз маъракаҳои серхароҷот даст кашиданд. Қабл аз қабули он корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронда шуд ва пешниҳоди зиёд оиди ба танзим даровардани тӯю маъракаҳо иброз гардид. Дар натиҷа, тибқи моддаҳои 8, 9 ва 10-и қонун 26 чорабинӣ ва маърака манъ ва 13 маърака ба танзим дароварда шуд.
       Дар давоми 10 соли амали қонун сатҳи некуаҳволии мардум боло рафт ва барои бунёди манзили зист ва таҳсили фарзандон шароит муҳайё гардид. Қонун барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт низ мусоидат кард. Соҳибкории хурду миёна рушд ёфта, шумораи табақаи миёнаҳоли аҳолӣ рӯ ба афзоиш ниҳод, пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ба маротиб афзоиш ёфт.
       Оростани зиёфат, омода кардани таоми зиёд, ки ҳамчун ҳадафи ниҳоии маросими милливу мазҳабӣ қарор гирифтааст, маънои аслии суннату анъанаҳои неки мардумиро то андозае коҳиш дод. Ҳол он ки ҷашну маросимҳо бояд омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва солимии ахлоқиву ҷисмонии мардум бошанд. Аксари ин маросим ҳамчун рукни фарҳанги миллии мо шинохта шудаанд, вале бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногун ба тағйироти шакливу маъноӣ дучор гардида, бештар моҳияти зиёфат додану худнамоишдиҳиро ба худ гирифтаанд. Яъне, онҳо имрӯз аслу мақсади асосиашонро то андозае гум кардаанд.
       Ба назар чунин мерасад, ки маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд шудааст. Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи кӯркӯронаи анъана ва расму оини халқиву динӣ, садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегарданд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дунявӣ аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир кард ва ҷиҳати дуруст дарк кардани моҳияти ин масъалаҳои мубрам тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.
       Пас, моро зарур аст, ки дар шароити муосири рушди ҷомеа бештар ба мазмуну моҳият ва зарурати ҷашн, анъана, маросим, урф, одат назар андозем, на ба зиёдаравӣ ва сарфи зиёди маблағ таваҷҷуҳ кунем. Яъне Қонуни танзими ҷашну маросимҳо маънои маҳдуд кардани онҳоро надошта, балки дуруст ба роҳ мондани онҳоро дорад.
Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Мирзозода Ғ.