Дар таърихи навини тоҷикон волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст ва он ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ ҳар сол дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил карда мешавад.
Доир ба ин рӯйдоди муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқиро ба миён гузошт. Дар ин ҷода аввалин санади ҳуқукии Тоҷикистони соҳибихтиёр — Эъломия «Дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва Карори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, №392 «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мебошад, ки вазъи муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқукии кишварро куллан таѓйир дода, ба рушди минбаъдаи он заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояи мустаҳками ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон дар сатҳи қонуни асосии мамлакат таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ эълон гардид ва мустақилияти ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи давлатдории демократӣ эътироф карда шуд.
Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешавад ва вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ иборат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, дар ҳамин радиф ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Адолати судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавқеи хоса дошта, яъне хусусияти хоси он, аз қабили мустақилияту беѓаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (2007, 2011, 2015, 2019) қабул гардид. Давра ба давра ин барномаҳо амалӣ карда шуда истодаанд.
Дар ин замина дар Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил карда шуданд.
Мақсади асосии ин барномаҳ ин таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, такмили сохтори он, таъминоти моддию техникии судҳо, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳо мебошад.
Тибқи барномаҳои қабулгардида дар кишвар як катор қонунҳои муҳим, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.
Муродзода Ардашер Алишер
Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
номзади илми ҳуқуқ