Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон

Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90–уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазор солаи халқи тоҷик воқеаи хелебузург аст.
Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва таҳкими пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ барӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик, таҳти роҳбарии фарзанди ҷонфидои ин Ватану миллат мушкилоти мазкур бартараф вароҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.
Нахустин дастоварди наҷиб, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввали давраи соҳиб истиқлолӣ ба даст омад, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдату пойдории миллӣ мебошад, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Бешубҳа, яке аз падидаҳои муҳиме, ки дар ин радиф дар таҷрибаи ҷомеасозии навини тоҷик мавқеи махсус дорад, Ваҳдати миллӣ аст ва он ба халқи тоҷик имкон дод, ки низоми устувори сиёсии бо нишонаҳои давлати миллӣ мутобиқро бунёд намояд.
Ваҳдат ҳамчун маҳсули тафаккур ва хиради инсонӣ, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ барзулмот, некӣ бар бадӣ ва мушаххасан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Ин дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон баръало аён аст, ки дарарсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътирофгардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмилалӣ қарор дорад. Ваҳдати миллии моро бидуни шубҳа метавон ниҳоли дастпарвари Ҷаноби Олӣ номид, зеро решаҳои он маҳз аз ҷонбозиву талошҳо ва мавқеи устувору қавии ин фарзанди сарсупурдаи миллат сабз гардидаву бор овардааст.
Заминаи мусоиди рушди ҷомеа дар шароити нав ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи расиданба Ваҳдати миллӣ, имзои як силсила ҳуҷҷатҳои  ҳуқуқӣ таҳти унвони Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 буд, ки дар асоси он ба Конститутсияи мамлакат соли 1999 тағйиру иловаҳо ворид кардашуданд.
Маҳз хизматҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди қабули Конститутсия як қатор қонунҳо таҳия ва қабулгардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии Ваҳдатро таҳким бахшиданд.
Бешубҳа, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (соли 1997) дар ҳаёти кишвар заминаи мусоид барои рушди ҷомеа ба вуҷуд омада, фазои нави ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф кардани ҳар гуна монеаҳои ташкили ҳаёти нав дар шароити волоияти қонун ва демократия фароҳам оварда шуд, ки ин ҳам бевосита нақши Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ буда, ҳақиқатан ҳам Пешвои мардумии миллати тоҷик будани Сарвари давлатамонро исбот сохт.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ, бо кӯшиш ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайяннамуда, ҳамкории пайвастаро бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густаришдод.
Соли 1993 ба ғайр аз СММ боз ёздаҳсозмони байналмилалӣ, амсоли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аз соли 1994 то соли 1996 дувоздаҳ созмони байналмилалии дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ карданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нуҳ намояндагии агентиҳо, дигар сохторҳои СММ фаъолият мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самти сиёсати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатии худро дар 28 давлати ҷаҳон, инчунин намояндагиҳои худродар назди СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣдар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмониҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Аврупо кушодааст.
Имрӯз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон барасмият шинохта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 дар асоси Қатъномаи №46224, дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба узвияти ин Созмони бонуфузтарини ҷаҳон пазируфта шуд. Богузашти як сол, 29 сентябри соли 1993 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро дар Маҷмааи умумии СММ ҳамчун давлати мустақил, ҷузъи комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии аввалин таваҷҷуҳи аҳли башарро бамусоидат намудан ба барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон, ба созиш овардани тарафҳои даргири муноқишаҳои мусаллаҳона, эҳёи иқтисодиёти харобгаштаи кишвар ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҷалб кардабуданд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои минбаъдаашон аз минбари СММ оид ба проблемаҳои глобалии ҷомеаиҷаҳонӣ масъалагузорӣ мекарданд.
Натиҷаи чунин ташаббусҳои асосноки Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, аз ҷумла оид ба проблемаи таъмини дастрасии мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва шароити санитарӣ буд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон кардашуд ва то имрӯз панҷ ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъалаи глобалӣ аз ҷониби СММ пазируфта ва амалӣ шуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки аз оғози давраи Истиқлолияти давлатӣ ва истиқрори сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя, таъмин ваҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин давра бо пешниҳод ва тавсияҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санадҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ, Санади хотимавии Хелсинки, Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф гардиданд, ки ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии кишварро ташкил медиҳанд.
Бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаҳои ниҳоят назаррас дода, дар доираи ин созмони минтақавӣ тақрибан ду ҳазор санади байнидавлатӣ ба имзо расонида шудааст. Беҳуда нест, ки бархе аз сиёсатшиносони бурунмарзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори Федератсияи Россия, Беларус ва Қазоқистон«локомотиви рушди ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ном мебаранд.
Месазад зикр намоем, ки бори нахуст дар моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ифода гардид, ки мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Ин имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъиҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Ҳамчун намояндаи ҳокимияти судӣ бояд қайд намоям, ки Пешвои муҳтарами миллат аз рӯзҳои аввали сарвариашон ба ҳокимияти судӣва таҳким бахшидани фаъолияти он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар даврони Истиқлол қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои конститутсионӣ, як қатор қонунҳо ва кодексҳо, ки фаъолияти судҳоро ба танзим медароранд, 4 барномаи мукаммали ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ба имзо расидани якчанд фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба беҳтар намудани фаъолияти судяҳои Ҷумҳурӣ», сохтмон ва ба истифода додани 17 бинои суд, мунтазам баланд бардоштани музди маоши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо шаҳодати таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҷаноби Олӣ ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияте мебошанд, ки баъди ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, пас аз эҳё намудани давлатдории мустақили тоҷикон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар СММ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар мувофиқа созии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштаанд, саҳми беандоза гузоштанд ва дар таҳким ва рушди чунин ҳамкориҳо ҷаҳду талош менамоянд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории навини тоҷикон ва эҳёи суннатҳои таърихии давлатдории халқи мо буда, Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комилва рушди ҷомеаи имрӯзаи моро бидуни ҷонбозиву талошҳои пайваста ва хизматҳоибеназири шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тасаввур намудан аз имкон берун аст.
Натиҷаи ин сарсупурдагӣ ва фидокориҳои беназирашон аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз маҳбуби ҳамагон буда, хурду калони кишвар ӯро падарвор эҳтиром ва арҷгузорӣ менамоянд. Бешубҳа, чунин нобиғагони арсаи сиёсат як бор дар ҳазорсолаҳо ба дунё меоянд ва халқ чунин фарзандони наҷибу ҷонфидои худро дӯст медорад.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе:  Ҳакимзода Д.