Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон вобаста ба мақоми оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик чунин иброз дошта буданд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.
Месазад, ки ин сухани созандаи Пешвои миллатро мардуми Тоҷикистон дар раванди сохтани оилаи солим ва риояи фарҳанги оиладорӣ сармашқи кори хеш қарор диҳанд.
Оини ҷаҳондорӣ дигар мешавад. Мутаасифона, дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ риояи фарҳанги оиладорӣ камранг мегардад. Бо назардошти вазъи баамаломада аз соли 1993 то ин ҷониб бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мешавад.
Ҳадафи таҷлил аз ин рӯз мушаххас аст. Ҷаҳон мехоҳад, ки мардум аҳамияти риояи фарҳанги оиладориро амиқ бишносанд, то муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар хонаводаҳо таъмин бошад.
Бузургони илму адаби мо дар шинохти рисолати оиладорӣ ва таъмини фарҳанги волои хонаводагӣ осори арзишманде таълиф намудаанд, ки дар меҳвари ин осор тарбияи фарзанд, нақши хонавода дар камолёбии шахсият, мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо қарор доранд.
Бардошти асосӣ аз ин ҳама осор ин аст, ки дар фарҳанги оиладорӣ ибтидо эҳтироми ҳамдигар шарти аввал мебошад. Махсусан таъкид карда мешавад, ки бояд эҳтироми бузургони хонавода бечуну чаро ба ҷо оварда шавад. Дар осори назмӣ ва насрии бузургони мо ҳамеша таъкид мешавад, ба падару модар бояд меҳрубон буд, ҳар сухан ва насиҳати онҳоро бо камоли майл гӯш бояд дод, миёни сухани онон сухан накард, хоҳиш ва гуфтаҳои онҳоро ба ҷо овард ва ба онҳо эрод нагирифта, ҳамеша дастгиру мададгори онҳо бояд буд.
Дар фарҳанги оиладории мардуми мо одат чунин аст, ки бо ворид шудани бузургсоле ба манзил ва ё маҷлисгоҳ бо нишони эҳтиром аз ҷой бармехезанд ва ӯро ба садри хона мехонанд.
Масъулиятшиносӣ дар раванди риояи фарҳанги оиладорӣ шарти хоса маҳсуб меёбад. Тақозои замон аст, ки масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон, махсусан дар раванди сохтани оилаи солим давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ бо назардошти ин маънӣ қонунҳоеро роҳандозӣ намудааст, ки нақшаи онҳо дар сохтани хонаводаи шоиста басо бузург мебошанд. Сарчашмаи асосии ин ҳама ташаббус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имсол ба қабули он 30 сол пур мешавад. Дар моддаи 34-и ин санади олии ҳуқуқӣ чунин омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд».
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим карда истодааст. Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки соли 2011 қабул гардида, аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон, аллакай, мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ, балки аллакай, уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст.
Шарти асосӣ ҳамин аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд, зеро танҳо маърифат ва тарбияи дуруст сабаби асосии пойдории оилаҳо мешавад.
Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Саидзода Г.И.