НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҶАМЪИЯТ

Ҷавонони имрӯза ба навсозӣ ва омeзиши технологияҳои муосир ниёз доранд. Дар ҳолате, ки ҳавонон бо фикру андешаҳо ва идяҳои муосири худ ба масъалаҳои xамъият нақш мебозанд, дар натиxа онҳо метавонанд дар ҳаёти дигарон саҳми хуб гузошта ва роҳбару ходимони халқ гарданд. Онҳо бе шубҳа ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеъа ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ҷомеаи мо нақши муҳим доранд. Ҳамин тариқ, рафторҳои ҷавонон ва фикрони дурусти онҳо метавонанд ба ҳамсолон, калонсолон ва ҳатто ба қарорҳои сиёсӣ таъсир расонанд. Синну соли ҷавониро коршиносон аз 15 то 30 сола новобаста аз ҷинс муайян кардаанд. Ҷавонон такягоҳи ҷомеа мебошанд аз ин рӯ ояндаи ҳар як ҷомеаро муайян мекунанд. Зеро тамоми синну соли дигар (кӯдакон, наврасон, миёна ва пиронсолон) ба ҷавонон такя мекунанд ва аз онҳо интизории хеле зиёд доранд. Ин водор месозад, ки ҷавонон ҳам дар ҷомеаи имрӯза ва ҳам дар ҷомеаи оянда як гурӯҳи хештаншинос, инсондӯст ва меҳандӯст бошанд. Худшиносу меҳандӯстии ҷавонон дар оила, ҷомеа ва кишвар нақши беандоза дорад.

Дар асл ҷавонон такягоҳи ҳар як миллату давлат мебошанд. Ҷавонон метавонанд, дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангии таммадуни гузаштаи худ арҷгузор бошанд. Ин қишри муҳими ҷомеа метавонанд дар пешрафти технологияи муосир, маориф ва илм, сиёсат, сулҳу суботи кишвар саҳми босазое гузорад.

Саволе пайдо мешавад, ки чаро ҷавонон дар ҳама кишварҳои олам қисми асосии ҷамъият ба ҳисоб мераванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар вуҷуди ҷавонон нерӯмандӣ, тавоноӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҷасоратмандӣ, хеле зиёд мушоҳида мешавад. Мо метавонем аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон, ки садҳо фарзандони далеру шуҷоатманд барои расидан ба ин оромию сулҳу субот ҷони худро дареғ надоштанд, ёдовар шавем. Бояд зикр кард, ки дар ҳамон вазъияти душворе бар сари миллати тоҷик омада буд, аксарияти шаҳидони роҳи Ватан ҷавонони ҷасури ин миллат буданд. Ҳамин аст, ки ҷавононро “Нерӯи боэътимоди Ватан” ном мебаранд.

Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ҳастанд. Онҳо метавонанд дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангии таммадуни гузаштаи худ арҷгузор бошанд.

Рушд намудани кишвар дар ҳама соҳаҳо, аз қабили соҳаҳои технологияи инноватсионӣ, маориф ва илм, сиёсат, иқтисод ва иҷтимоиёт, таъмин намудани сулҳу суботи кишвар, ки бештар ба ҷавонон вобастагӣ дорад. Онҳо бо нерӯи тоза метавонанд, хубтару беҳтар кору фаъолият намуда, барои пешрафти ҷамъият кӯшиш намоянд.

Яке аз масъулияти бисёр лозимӣ бар дӯши ҷавонон вогузор аст, ки ин ҳам эҳтироми шахсони пиронсоли рӯзгордида, ки ҳоло ба нигоҳубин ниёз доранд, мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сӯханрониҳояшон таъкид кардаанд, ки: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯйи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавонони кишварро зарур аст, ки ҳамеша сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб пуштибонӣ намуда, мавқеи байналмилалии кишварро дар ин самт устувор намоянд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ дар сафи пеш мубориза бо экстремизм, терроризм ва дигар хатарҳои нави ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Набояд фаромӯш сохт, ки мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки пур аз нооромиву хатарҳост. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар чунин лаҳзаҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳамеша пуштибони аҳли оила, сарзамин ва Ватани азизамон Тоҷикистон бошем. Ман ҳамчун як фарди ин диёр аз ҳамаи ҳамватанон, падару модарони азиз даъват ба амал меорам, ки аз таълиму тарбия ва ҳаёти ҳаррӯзаи фарзандони худ бохабар бошед. Агар ҳар як волидайн ҳамкориҳои судмандро ба муассисаҳое, ки фарзандонашон илм меомӯзанд зиёд ба роҳ монанд бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандонашон дар оянда номбардори ватану миллат ва аҳлу пайвандони худ мегардад.

 

Судяи суди ноҳияи

Шоҳмансури ш.Душанбе

Раҳмон М.Ю.