МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ-МАСЪУЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Инсоният бо кашфиётҳои зиёди техникиву илмӣ ду даҳаи асри ХХI-ро паси сар намуд. Суръати рушд нисбат ба он давраҳое, ки инсоният аз сар гузаронд, ҳоло зиёд гардидааст. Мутаассифона, дар баробари рушду пешрафт ва кашфиётҳои нодир ғайриихтиёр як қатор монеаҳое вуҷуд доранд, ки мубориза бар зидди он кори дастаҷамъиро талаб менамояд.

Коррупсия яке аз таҳдидҳои олами муосир ба ҳисоб рафта, амнияти мамлакатҳо ва минтақаҳоро зери хатар қарор додааст. Он тамоми мамлакатҳоро фаро гирифта, дар ҳар давру замон дар сатҳи мухталиф зоҳир мегардад. Он ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба таври хоса таҷассум меёбад ва оқибатҳои он ба таври гуногун хулосагирӣ карда мешаванд.
Амалҳои коррупсионӣ ва худи коррупсия ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ хоси ҳамаи давру замонҳо ва кишварҳо мебошад. Фақат сатҳ ва доираи зуҳури он вобаста  ба масъалаҳо ва ҳолатҳои инкишофи мамлакатҳо ба таври гуногун намудор мегарданд. Таърихи таълимоти сиёсӣ оид ба масъалаи мазкур намунаҳои бешумор нишон дода, давраҳои инкишофи таърихи амалҳои коррупсиониро барҷаста зоҳир менамоянд, ки дар таълимот ва доктринаҳои сиёсӣ таҷассум ёфтаанд. Намунаҳои барҷастаи онро дар тамаддунҳои аҳди қадим, ба монанди Мисри қадим, Хитойи қадим, Ҳинди қадим, Рим ва Юнони қадим мушоҳида намудан мумкин аст ва ҳамзамон таълимоти иҷтимоӣ, бахусус, таълимоти сиёсию ҳуқуқӣ ва динӣ оид ба падидаи мазкур ғояҳо ва намунаҳои барҷастаро пешкаш менамояд.
Қадимтарин нишонаҳо дар бораи коррупсия дар навиштаҷотҳои Бобулистони қадим дида мешавад. Ҷуноне ки аз матнҳои навишташудаи ҳазораи 3 п.а.м., бармеояд, подшоҳи ҳамонвақтаи Шумер Урукагин ба амалҳои коррупсионии судяҳо ва мансабдорони давлатӣ, ки пардохтҳои ғайриқонуниро талаб мекарданд, мубориза мебурд. Ҳокимони Мисри Қадим низ ба чунин мушкилот дучор омада буданд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни тадқиқоти бостоншиносӣ ёфт шуда буданд, аз зуҳуроти азими коррупсия дар Байтулмуқаддас пас аз асорати бобулиён аз ҷониби яҳудиён дар солҳои 597-538 шаҳодат медиҳад.
Ҳатто китобҳои муқаддаси динҳои гуногун оид ба ин мушкилот масъалагузорӣ менамоянд. Чуноне ки дар китоби муқаддаси дини насронӣ “Инҷил” оид ба ришвахӯрӣ ва беадолатиҳои амалдорону маъмурони давлатӣ омадааст: “Ман медонам, ки ҷурму ҷиноятҳо чи қадар зиёданд ва гуноҳи Шумо сангин; Шумо худ ришва мегиред, вале шахси камбағал ва ҷӯяндаи адолатро аз дар меронед”.
Зикри манъи ин зуҳуроти номатлуб дар Қуръони карим, ки барои мардуми мусулмонон дастурамали ҳаётӣ ба ҳисоб меравад, дар оёти 188-сураи Бақара баёни худро ёфтааст: “Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред ва амволи худро ба ҳокимон марасонед, (яъне ба ришва) то порае аз амволи мардумонро ба ситам бихӯред ва шумо медонед”. Паёмбари Ислом Муҳаммад (с.а.с) низ фармудаанд: “Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнравии байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”.
Яъне коррупсия ин баҳри ҳимоя аз манфиатҳои шахсӣ қурбон намудани манфиатҳои миллӣ мебошад. Яъне истифода аз мансаб ва ҳокимият ба хотири қонеъ намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Коррупсия ба амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва мудирияти давлат, озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи таъмини таҳсилоти босифат барои ҳама аст. Амалҳои зараровар, аз қабили ришвахӯрӣ ва сӯйистифода аз қудрат эътимоди толибилмро ба низоми маориф коҳиш дода, метавонад ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ расонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, фасод дар ин соҳа метавонад ба рушди иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонад ва принсипҳои рақобат, навоварӣ ва сармояи инсонии босифатро вайрон намояд. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандӯстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ тавассути воситаҳои коррупсионӣ аз вайронкуниҳои баробарии вазифаи шаҳрвандон дар ҳифзи Ватан далолат мекунанд.
Коррупсия ба он гуруҳи ҷиноятҳое дохил мешавад, ки бо мурури замон рушд ёфта, содиршавии он бештар ба вазъи иқтисодии давлат алоқамандӣ дорад.
Бо истифода аз омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон якчанд вижагиҳои хоси мубориза бо коррупсияро метавон ҷудо намуд:
Аз ҷумла дар Дания принсипе дар соҳаи пешгирии фасод вуҷуд дорад, ки тибқи он ҳар касе, ки ҳатто ба фасод гумонбар мешавад, фавран аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Илова бар ин, дар Дания институтҳо ва кодексҳои ахлоқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо шаъну шарафи шахсони мансабдор афзалият доранд. Шаҳрвандон низ дар мубориза бар зидди коррупсия дар сатҳи ҳукумати подшоҳӣ эътироф мекунанд.
Тибқи кодекси ҷиноятии Дания барои ришваситонӣ, қаллобӣ, сӯйистифода аз мақоми хизмати давлатӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Моддаи 122-и Қонуни мазкур шахсеро, ки ба хизматчии давлатӣ пора пешниҳод кардааст бо ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 3 сол ҷаҳо медиҳад. Маҳз ба воситаи чунин тадбирҳои муассир Дания тайи чанд соли охир дар мубориза ба фасод дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ҳамчунин, тибқи моддаи 276-и Кодекси ҷиноятии Норвегия, ба даст овардани фоида барои худ ё шахси дигар тавассути мавқеи хизматӣ ё вобаста ба кор, вазифа ё пешниҳоди чунин имтиёз ба шахсе, ки мансаб ё вазифаро иҷро мекунад, ҷазо дода мешавад. Шахсе, ки пора мегирад ва ҳам шахсе, ки пора пешниҳод мекунад, ҷазо дода мешавад. Содир кардани амали коррупсионӣ аз ҷониби субъекти норвегӣ берун аз Шоҳигарии Норвегия низ ҷазо дода мешавад.
Намунаи дигари муборизаи самаранок бо коррупсия таҷрибаи Сингапур мебошад, ки ба воситаи он дар соҳаҳои гуногун бо дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар кишвар пас аз дарёфти истиқлоли соли 1965 ҳолатҳои коррупсионӣ дар сатҳи хеле баланд буд. Яке аз муборизон, асосгузори давлати Сингапур, сарвазир (солҳои 1965-1990) ва рамзи мубориза бо коррупсия дар ин кишвар Ли Куан Ю мебошад, ки яке аз суханҳои машҳури ӯ чунин аст: “Мехоҳед коррупсияро мағлуб кунед, омода бошед, ки дӯстон ва хешовандони худро ба зиндон фиристед”. Ли Куан Ю барои аз байн бурдани коррупсия кӯшишҳои зиёд намуда, ҷомеаи суннатии кишвари худро аз урфу одатҳои қадима баровард. Коҳиш додани ҳолатҳои коррупсионӣ аз хизматчиёни давлатӣ оғоз шуд, дар аввал кормандони давлатӣ вазифадор шуданд, ки аз даромаду дороиҳои аъзои оилаи худ, инчунин, надоштани қарз ба мақомоти дахлдор ҳар сол ҳисобот диҳанд.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки коррупсия ҳамчун таҳдид барои ҷомеа ва ҳамаро фарогиранда буда, мубориза бар зидди он танҳо дар сурати дастаҷамъӣ самаранок ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, дар баробари давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи мардум низ барои мубориза ба ин падидаи номатлуб масъул мебошанд.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Раҳмон М.